Тоҷикӣ | English

Апостилгузорӣ

Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор пайдо намуд.

Тибқи талаботи моддаи 2-и Конвенсия, ҳуҷҷате, ки дар қаламрави   кишвари аъзо апостилгузорӣ шудааст, бояд бе мамониат ва талаб намудани таъйиди иловагӣ дар дигар кишвари аъзо қабул карда шавад.

ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА ОНҲО АПОСТИЛ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Ба ҳуҷҷатҳои расмие апостил гузошта мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, дар қаламрави давлати дигари иштирокдори Конвенсия мавриди истифода қарор мегиранд.

Ба нусхаи асли ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дода шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон апостил гузошта намешавад. Гузоштани апостил танҳо дар нусхаи чунин ҳуҷҷатҳои, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст, гузошта мешавад.

Апостил дар ҳуҷҷатҳои зерин гузошта намешавад:

а) ҳуҷҷатҳои имзонамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) ҳуҷҷатҳое, ки ба амалиёти тиҷоратӣ ё гумрукӣ муносибати бевосита доранд;

в) дар ҳуҷҷатҳое, ки набояд ба хориҷа бароварда ё интиқол дода шаванд (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муайянкунандаи шахсӣ, шиноснома).

Мақомотҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи гузоштани апостилро доранд:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии зерин масъул мебошад:

а) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
б) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи нотариусҳои давлатӣ;
в) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷро;
г) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти прокуратура.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои зеррин: диплом, аттестат, маълумотнома аз макотибҳои миёна ва олӣ, маълумотномаи доғи судӣ ва ғайраҳо, масъул мебошад.

Талабот нисбати ҳуҷҷатҳое, ки барои апостилгузорӣ пешниҳод карда мешаванд:

Барои гузоштани апостил бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- ариза дар бораи гузоштани апостил. Ариза дар бораи гузоштани апостил метавонад бо ваколатнома пешниҳод гардад.
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нишон дода мешавад);
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда;
-нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ-барои аризадиҳандагони шахси ҳуқуқӣ;  
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣӣ.

Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои аз тарафи дархосткунандагон пешниҳодшаванда:

- ариза дар бораи гузоштани апостил дар як нусхаи асл пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда дар ду нусха – ҳуҷҷати асл ва нусхаи он пешниҳод карда шуда;
- матни ҳуҷҷати барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда, имзои шахси мансабдор ва нақши муҳр бояд возеҳ бошанд;
- агар матн дорои ислоҳҳо ва (ё) навиштаҷоти иловагӣ бошад, онҳо бояд аз ҷониби шахси имзонамудаи ҳуҷҷат эзоҳ дода шаванд. Навиштаҷот ва (ё) ислоҳҳои зикргардида бояд тавре ифода шуда бошанд, ки ҳамаи калимаҳои хато навишташуда ва сипас ислоҳгардида ва хат кашидашударо дар шакли аввала хондан мумкин бошад.

МУҲЛАТ ВА ҲАҚҚИ ХИЗМАТРАСОНӢ БАРОИ АПОСТИЛГУЗОРӢ

Муҳлати апостилгузорӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар давоми 5 рӯз ва бо тартиби фаврӣ дар давоми 1-3 рӯзи корӣ амалӣ карда мешаванд.     

Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа нисбати ҳақиқӣ будани имзо, мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори апостилгузорӣ ҳуқуқ дорад, ки санҷиши иловагии ҳуҷҷатро то 30 рӯзи корӣ ба амал барорад.

Хироҷи консулӣ барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:

Барои шахсони воқеӣ $ 5
Барои шахсони ҳуқуқӣ $ 10
Боҷи давлатӣ барои гузоштани апостил
Барои шахсони воқеӣ
25 сомонӣ
Барои шахсони ҳуқуқӣ
50 сомонӣ

Хабарҳои муҳим

  • Соли ҷавонон
    22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми ....
    22.08.2017 11:41
  • 2018-2028, Даҳсолаи амалиёти "Об барои рушди устувор"
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    22.08.2017 11:44
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:45
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо