Тоҷикӣ | English

Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон   баргузор гардид. 

Ин Форум бо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи собиқи Арабистони Саудӣ шодравон Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Қатънома оид ба ҷаласаи якуми он дар нишасти 130-юми Лигаи давлатҳои араб дар таърихи 8 сентябри соли 2008 қабул гардида буд. 

Иҷлосияи якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молия зери шиори “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва мубодилаи тиҷоратӣ” 14 майи соли 2014 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ барпо шуд. Кишварҳои ширкаткунанда масъалаҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратиро баррасӣ намуда,  Эъломияи Риёзро ҳамчун санади ниҳоӣ қабул карданд. Гузашта аз он, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Санадҳои мазкур заминаи хуби рушди ҳамкориҳои дарозмуддату мутақобилан судмандро байни кишварҳои мазкур гузоштанд.

Мақсади асосии Форум ройзаниҳои сиёсӣ ва баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву илмӣ мебошад. Чорчӯбаи Форум имконият медиҳад, ки кишварҳои олами арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷудаи минтақаро, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, коркарди нафту газ, гардишгарӣ, илму фарҳанг баррасӣ ва лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намоянд.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди робитаҳои байналмилалӣ, бахусус бо кишварҳои олами арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти хосса медиҳад. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форум баёнгари омодагӣ ва рағбати Тоҷикистон густариши бештари робитаҳои мутақобилан судманд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври рӯшану возеҳ роҷеъ ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташвиқи сармоягузориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак сухан ронда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои воқеӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ омили ягонаи ҳалли мушкилиҳои на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар ҳошияи Форуми Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ҷаноби Аҳмад Абулғайт ва роҳбарони ҳайатҳои мазкурро ба ҳузур пазируфтанд.  

Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи дуюми Форум Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ҷаноби Аҳмад Абулғайт ва аксари кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки теъдоди умумии аъзои ҳайатҳо беш аз 100 нафарро ташкил мекунад, ширкат варзиданд.

Кишварҳои Форум масъалаҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ намуда, самтҳои ҳамкориҳои судмандро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла энергетика, неруи таҷдидпазир, тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, саноату сохтмон, кишоварзӣ ва истеҳсоли маводи ғизоӣ, воситаҳои муосири алоқа, рушди неруи инсонӣ ва таълим, сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар муайян карданд.

Барои барқарор намудани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорон, кишварҳои Форум ба мувофиқа расиданд, ки Конфронси аввалини соҳибкорон ва сармоягузорон дар ояндаи наздик дар яке аз кишварҳои арабӣ баргузор гардад.  

Кишварҳои Форум ба ташаббуси Тоҷикистон доир ба эълон намудани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои энергетика, муҳити зист ва иқтисодиёти сабз дар яке аз кишварҳои арабӣ баргузор шавад.

Сарфи назар аз он, ки Форум бештар иқтисодӣ мебошад, мехостам  таъкид кунам, ки бе таъмини амният ва сулҳу субот дар кишварҳои минтақаи мо татбиқи ҳамаи нақшаҳои иқтисодӣ имконнопазир аст. Бинобар ин, баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва амниятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии Форум буд.

Аз ҷумла масъалаҳои эҳтироми истиқлол ва ҳифзи тамомияти арзии давлатҳо, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо, инчунин зарурати  ҳамкории кишварҳо дар соҳаи муборизаи дастаҷамъона бо терроризм ва дигар таҳдиду чолишҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Кишварҳои Форум зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма тавассути таъсиси шабакаҳои муштараки фарҳангии телевизионӣ ва радиоӣ, гузаронидани конфронсҳо ва ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои лозимаро мавриди таъкид қарор доданд. 

Ҳамаи ин нуктаҳо дар санади поёнии Форум-Эъломияи Душанбе бозтоб гардидаанд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо