Тоҷикӣ | English |Türkçe

Раводид

ТАРТИБИ СУДУРИ РАВОДИДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

Раванди таҳияи раводид бо санадҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад:

1.             Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои мавҷуда» аз 2 ноябри соли 2007,№546;

2.             Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз 25 январи соли 2017, № 31.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба шаҳрвандони хориҷӣ чунин навъҳои раводидро таҳия мекунад:

1)             Раводиди дипломатӣ (Д):

-                     ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ;

-                     аъзои ҳайати расмии хориҷӣ;

-                     агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ;

-                     кормандони мақомоти сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ;

-                     кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки статуси дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;

-                     нозироне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд;

-                     аъзои оилаи шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд.

2)             хизматӣ (Х) ба шаҳрвандони хориҷии зерин таҳия карда мешавад:

-                     ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ;

-                     кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ;

-                     хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ;

-                     кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-                     шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду, шиносномаи дипломатӣ надоранд;

-                     консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;

-                     шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон;

-                     аъзои оилаи шахсони номбурда.

3)             раводиди корӣ (К) ба муроҷиаткунандагони зерин таҳия мешавад:

- иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

- барои бастани қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори дохилӣ, васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии минбаъдаи таҷҳизот, таҷрибаомӯзӣ ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ.

4) раводиди меҳнатӣ (М) ба муроҷиаткунандагони зерин таҳия мегардад:

- барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла дар асои шатномаҳои байналмилалӣ сафар мекунанд:

- аъзои оилаи чунин шахсон;

- for member of their family.

5)    раводиди туристӣ (Т), ба муроҷиаткунандагони зерин таҳия мегардад:

-                     ба шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист ташриф меоранд ё ба гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади туристӣ ташриф меоранд.

Ин навъи раводид аз ҷониби Сафорат танҳо барои шаҳрвандони кишварҳое дода мешавад, ки дар номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд, дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки дар руйхат оварда шудааст, раводиди навъи туритиро аз сомонаи расмии раводиди электронӣ дастрас мекунанд.

6)             раводид таҳсилии академӣ (О-1) муроҷиаткунандагони зерин таҳия мегардад:

-         барои шахсоне, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯ мебошанд

-         ба магистратҳо ва аспиратҳои;

-         барои шахсоне, ки дар риштаи докторӣ фаъолият мекунанд

-         ба аъзои оилаи шахсони номбурда;

7)             раводиди таҳсилӣ (О-2):

-                     ба шахсоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва ё гузаронидлани таҷрибаи истеҳсолӣ сафар мекунанд;

-                     ба шахсоне, ки барои дохил шудани бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунанд;

-                     ба шахсоне, ки барои иштирок дар кусҳои кутоҳмуддат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунанд;

-                     ба аъзои оилаи шахсони номбурда.

8)             Раводиди навъи «ХС1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат, ташхис ва аёдати хешовандону дӯстон ва барои дигар мақсадҳои шахсӣ (иштирок дар тӯю маъракаҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои шахсӣ) ташриф оварданианд.

9)             Раводиди навъи «ХС2»

-         ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-         ба хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ.

10)         Раводид «ХСба фарзандони то 25 солаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии кишвари хориҷиро дар лаҳзаи таваллуд ба даст овардаанд.

11)         раводиди минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратиро ба амал мебароранд

12)         раводиди нақлиётӣ (Н) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд,

13)         раводиди воситаҳои ахбори омма (Ж) ба мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда,;

14)       раводиди табширӣ (ТБ) ба ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҳайси корманд дар ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд ё карданианд;

15)       раводиди башардӯстона (Б) ба ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кумаки башардӯстона ва ё дигар шахсоне, ки барои расонидани ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

16)       Раводиди навъи «ТР» – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъинот сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат. Ба шаҳрванди хориҷӣ ` шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ Сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ убур нанамояд. Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд. Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад  ё  ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад.

Бояд қайд намуд, ки Сафорат раводиди навъҳои “С” (сармоягузорӣ) ва “ИД” (истиқомати доимӣ)-ро намедиҳад. Раводиди навъи “С” ва “ИД” аз ҷониби Сарраёсати консулӣ дода мешавад.

Таҳти маҳфуми аъзои оила: ҳамсар, фарзандон, писархондшудагон ё духтархондшудагони шаҳрванди хориҷӣ фаҳмида мешаванд.

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ:

Ҳуҷҷатҳои зерин барои таҳияи раводид бояд ба Сафорат пешниҳод карда шавад:

·               ёддошти вербалӣ (барои раводидҳои дипломатӣ ва хизматӣ);

·               тасдиқи давъват аз Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои раводидҳои меҳнатӣ, таҳсилӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ, журналистӣ);

·               дархост ва огоҳиномаи Хадамоти бақайдгирӣ аҳолии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои раводиди ХС1);

·               нусхаи шиноснома;

·               шиноснома;

·               акси биометрӣ 5x6;

·               расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.

Эзоҳ: расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ баъди баромадани қарор дар бораи таҳияи раводид пешниҳод карда мешавад.

Дархост барои раводид бояд ба таври электронӣ хонапурӣ карда шуда, аз ҷониби дархосткунанда имзо карда шавад ва ҷавоб ба саволҳо бояд пурра ва возеҳ бошад.

Дар баробари ҳуҷҷатҳои дар боло қайдгардида тибқи қоидаҳо барои гирифтани раводид пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои категорияи алоҳидаи раводид зарур мебошад:

1) барои раводид дипломатӣ - ёддошти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда;

2) барои раводиди хизматӣ - ёддошти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, агр шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ хизматӣ ва ё махсус бошад;

3) барои гирифтани раводиди корӣ – дархости мақомоти давалтӣ ё шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва ё филлиали шахсони ҳуқуии хоориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муаасисаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин дар ҳолати заруаӣ дархости ширкати Туркӣ; 

4) барои гирифтани раводиди меҳнатӣ – дархости ташкилоти даъваткунанда ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид ва нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ;

5) барои гирифтани раводиди туристӣ – дархости ташкилотҳои туристӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти туристӣ иҷозатнома (литсензия) доранд;

6) барои гирифтани раводиди навъи “О1” ва “О2”– дархости муассисаҳои таълимотӣ ва илмӣ дар бораи додани раводид, аризаи довталаб дар бораи нияти дохил шудан ба муассисаи таълимотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости ташкилоти равонкунандаи донишҷӯи хориҷӣ ба коромӯзӣ, ба барномаҳои ивазкунӣ, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ ва омӯзиши забон.

7) раводид барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ– мактуб-дархости Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷозатномаи ташкилоти даъваткунанда оид ба ҳуқуқи ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ;

8) барои гирифтани раводиди “ХС1”:

- дархости муассисаи табобатӣ ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванде, ки бо мақсади муолиҷа, ташхис ва машварат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданӣ аст;

- огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки бо дигар мақсадҳои шахсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд.

Дар ҳолатҳои истисноӣ (марг ва ё бемории вазнини шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунад ва шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд - раводидгиранда, ки бо ин шахсон робитаи хешовандӣ дорад) раводиди навъи «ХС1» бе огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ва маълумотномаи тиббӣ, ки аз ҷониби  духтур тасдиқ гардидааст, ба муҳлати на зиёда аз 1 моҳ дода мешавад;

9) барои гирифтани раводиди “ХС2”

- ба собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуде, ки аз ҷониби мақомоти  ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

- барои аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешовандӣ ва дархости шаҳрванди Тоҷикистон.

10) барои гирифтани раводид ба ронандагони воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ- мактуб-дархости шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, нусхаи полиси суғуртавии воситаи нақлиёт ва шаҳодатномаи ронандагӣ;

11) раводид барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ - ёддошти мақомоти сиёсати хориҷии давлати иқомати корманди воситаи ахбори омма ё мактуб-дархости воситаи ахбори омма, инчунин корти аккредитатсионӣ, ки аз ҷониби раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

12) раводиди табширӣ – дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз мақомоти ваколатдор оид ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13) барои гирифтани раводиди гуманитарӣ (башардӯстона) – ёддошти мақомоти сиёсати хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои интиқолдиҳандаи бори башардӯстона, новобаста аз шакли моликият, ё мактуб-дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қайд кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Туркия ду намуди асосии раводид вуҷуд дорад:

1)    раводид муқаррарӣ (стикери)

2)    раводид элкектронӣ

Барои дастрас намудани ҳарду намуди раводид шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бояд дархосташро дар шакли электронӣ тавассути Шабакаи иттилоотии гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ҷиҳати ирсоли дархост ба Шабакаи иттилооти гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда бояд ба шабакаи интернет пайваст бошад.

Раводид муқаррарӣ (стикерӣ)  тариқи сомонаи www.visa.gov.tj ирсол карда мешавад.

Ҳамаи навъҳои раводи, дарозмудат ва бисёркарата мавзӯи танзими раводид муқаррарӣ (стикерӣ) мебошад. Раводид муқаррарӣ баррасиро бо гирифтани маълумоти биометрии дархосткунанда талаб мекунад.

Раводид электронӣ тариқи сомонаи www.evisa.tj дархост карда мешавад.

Раводиди электронӣ тариқи ба муҳлати 90 рӯз ва яккарата дода шуда, дорандаи он аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқи аз 45 рӯз зиёд будубош карданро надорад. Раводид электронӣ тамдид карда намешавад.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо