Тоҷикӣ | English |Türkçe

Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо мушкилоти зиёде дучор гардид, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба мерос гирифта буд. Ба ғайр аз ин, ҷумҳурӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки танҳо зарари иқтисодии он зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медод.

Дар баробари ин, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии он кишвар низ аз байн рафт, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифт. Баъд аз он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян намуд.

Се ҳадафи стратегии Тоҷикистон инҳо мебошанд

1)    Таъмини истиқлолияти энергетикӣ;

2)    Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;

3)    Ҳифзи амнияти озуқаворӣ.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.

Дар ин самти авлавиятнок имконияту зарфиятҳои дигар низ ба кор андохта мешаванд. Соли 2009 Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

«1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.

2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.

3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон».

Дар ин самт корҳои зиёде бо мақсади омӯзиши ҳавзаҳо ва конҳои нафту газ ва истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо ҳамкорӣ бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ҷараён дорад, дар соҳаи истихроҷи ангишт 12 корхонаи гуногун кор мекунанд.

Ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Танҳо дар 7 соли охир, ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалан татбиқ шудаанд, ки маблағи умумии он дар маҷмӯъ зиёда аз 12 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Айни замон, амалисозии 10 лоиҳа бо арзиши умумии 6 млрд. сомонӣ идома дорад.

Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣқадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда буд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВ зиёд, сохта ба истифода дода шуданд.

Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиду бозсозии НБО-и Варзоб-1», «Таҷдиду бозсозии гидроагрегати №4 НБО-и Сарбанд» ва «Иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220кВ дар НБО-и Норак», ба маблағи умумии 350 млн. сомонӣ ба анҷом расида, иншоотҳои мазкур ба истифода дода шуданд.

Айни замон НБО-и «Сангтӯда-2» барои истифодаи пурра бо иқтидори 220 МВт тайёр буда, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии 2-и пойтахт ибтидои соли 2014 навбати якуми он бо иқтидори 50 МВт мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин давра иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи кишвар нисбат ба иқтидорҳои давраи то Истиқлолият 928 МВт. афзоиш ёфта, аз 4 338 ба 5 266 МВт расонида шуд.

Ба мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсис додани Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст. Ин ибтикороти давлати Тоҷикистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ берун намемонад ва ин буд, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Энергияи устувор барои ҳама” дар қатори панҷ кишвари олам Тоҷикистон ба сифати кишвари таҷрибавӣ пешниҳод гардид.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори се ҳадафи стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.

Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншоотҳои нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобигарди «Шаршар», «Чормағзак» ва «Шаҳристон» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷодаи «Душанбе-Бӯстон-Чанак», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид. Сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, пули мошингарди «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, масирҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қурғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо иштироки Япония, Туркия, Эрон сохта мешаванд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо мол хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн равад ва табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. Барои иртибот бо Афғонистон шаш пул дар дарёи Панҷ сохта шуд, ки тавассути онҳо рафтуомад ва тиҷорат хеле афзоиш ёфт.

Дар бобати таҷдиди фурудгоҳҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳоло Тоҷикистон дорои чор фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд) мебошад.

Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин хотир дар сохторҳои марбута (нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан) дигаргуниҳо сурат гирифтанд, назди онҳо вазифаҳои нав гузошта шудаанд.

Пешбинӣ шудааст, ки амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин хоҳад кард.

 Таъмини амнияти озуқаворӣ

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Дар ин самт кори асосӣ бар ӯҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Вале иҷрои он паҳлӯҳои зиёде дорад, ки ниёзмандиро ба ҳамкориҳои хориҷӣ тақозо мекунанд. Аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва ғ., овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст. Натиҷаи ин бояд дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи қонеъкунанда бошад. Ин нуктаро Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 25 апрели соли 2008 равшан зикр намуда буд: «мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Воқеан дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва уствории рушди хоҷагии қишлоқ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намуддаст, ки маъмултарини он “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафи худ равона гардидааст.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо