Тоҷикӣ | English |Türkçe

Стратегияи миллии рушд

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.  СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад. Диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст.

Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими  рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.

Равиши муназзами таҳияи СМР-2030 ба се принсипи асосии рушди минбаъда асос ёфтааст:

(1) превентивӣ (тадбирнокӣ), яъне пешгирии (коҳишдиҳии) осеб-пазирии рушди оянда;

(2) индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ;

(3) инноватсионӣ, яъне рушд бар пояи  навовариҳои фарогири  ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар.

Тибқи СМР дар оянда мақсадҳои сиёсати беруна бояд ба фароҳам овардани шароити берунаи мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон берун аз кишвар, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда шаванд. Ҳамзамон, сиёсати дохилӣ бояд ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷӯ ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ равона гардад. Иқтидори иқтисодии кишвар бояд ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад. Дар ин робита истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ, аз ҷумла, таҳкимбахшии иқтидори институтсионалии рушд дар самти баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, рушди индустриалии ояндаро муайян месозад ва гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин менамояд.

Масъалаҳои таъмини идоракунии демократӣ дар мамлакат, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва вусъатдиҳии имкониятҳои инсон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт. Тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ ба ғизои хушсифат, беҳсозии обтаъминкунӣ, ҳолати санитарӣ ва таркиби ғизохӯрӣ, коҳишдиҳии сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар тамоми шаклҳои он, аз ҷумла масоили устувории экологӣ ҳамчун самтҳои муҳими  фаъолияти ниҳодҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ  хоҳанд шуд.

Дар давраи дарозмуҳлат таъмини рушди устувори кишвар бе истифодаи навовариҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ғайриимкон аст. Самтҳои стратегии рушд бояд афзоиши фаъолнокии сармоягузорӣ ва иқтисодиро дар қитъаи Осиё, нақши кишварҳои Осиёи Марказиро дар он ва умуман, фаъолсозии ҳамкориҳоро дар доираи минтақаи кишварҳои Ҷануб-Ҷануб ба инобат гиранд. Дар даҳсолаи наздик силсилаи нави технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хоҷагии ҷаҳонӣ оғоз меёбад, ки он суръати афзоиши иқтисодии ҷаҳониро то нимаи асри XXI тадриҷан коҳиш медиҳад. Мо бояд барои дарки дурусти ин раванд омода бошем ва  аз имрӯз самтҳои модели  рушди ояндаро муқаррар намуда , хусусиятҳои сифатии онро муайян созем .

Омили такондиҳандаи чунин модели рушд захираи инсонӣ бо ҷузъҳои асосии таркибии он – маориф ва илм, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт бояд тадбирҳои пешгирикунандаро андешид ва гузариш ба низоми таҳсилоти умумии 12-сола ва ҷорисозии васеи стандартҳои байналмилалии таълимиро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ таъмин намуд. Нақши давлат дар муайянкунӣ ва дастгирии самтҳои афзалиятноки илму техника бояд тақвият дода шавад. Сармояи табиӣ низ асоси рушди индустриалӣ ва инноватсионии кишварро ташкил медиҳад. Иқтидори азими гидроэнергетикӣ, оби тоза, замин ва иқлими мусоид, олами наботот, захираҳои назарраси меҳнатӣ, захираҳои бойи минералӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок барои инкишофи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, бунёди бахшҳои муосири саноати истихроҷ ва коркард, металлургияи сиёҳ ва ранга, комплекси агросаноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои навро  фароҳам меоваранд. Мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд, шарти муҳим барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар ММД-и кишвар маҳсуб меёбад. Рушди минбаъдаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавии нақлиётию коммуникатсионӣ ба Тоҷикистон имконияти табдилёбӣ ба кишвари пешсафи минтақа дар истеҳсол ва интиқоли неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, вусъатдиҳии имкониятҳои транзитии кишвар фароҳам меоварад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки саҳми арзандаи кишвар дар рушди устувори кишварҳои тараққиёбандаи Ҷануб ва Ҷанубу Шарқии минтақаи Осиё, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар фаъолсозии ҳамкорӣ дар доираи минтақаи кишварҳои Ҷануб-Ҷануб гузошта шавад

Матни пурраи Стратегияи миллии рушд 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо