Тоҷикӣ | English |Türkçe

Фазои сармоягузорӣ

Рушди қонунгузории амалкункнада дар Тоҷикистон сиёсати давлатиро оид ба дастгирии ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла хусусӣ (моддаи 12 Сарқонуни ҶТ) инъикос медиҳад. Бинобар ин, воридотҳои тез-тези тағйироту иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук ин нишондиҳандаи тамоюли мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда ба стандартҳои байналмиллалӣ оид ба кафолатҳои ҳуқуқии хифз ва ҳимояи ҳуқуқҳоро инъикос медиҳад. Таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат (соли 2008) оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва амалигардонии чорабиниҳо шаҳодати тамоюлоти ҷумҳурӣ ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.

Қадам ба қадам шароитҳои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии сохторҳои бозоргонӣ ва рушди ситемаи тиҷоратии молиявӣ-банкӣ фароҳам оварда мешавад. Тартиби бақайдгирии корхонаҳои муштарак ва корхонаҳо бо дигар намудҳои моликиятдорӣ содда карда шудааст.

Ҷараёни ҷалби самрояҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии Рушд барои давраҳои то соли 2015 қабул гардидааст, ки дар он соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ муайян шудаанд. Ба дохили онҳо гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди металҳо ва сангҳои қимматбаҳо, маъданҳои полиметалӣ, рушди телекомуникатсия ва инфрасохторҳо, коркарди пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ ва гайраҳо ворид мешаванд.

Нишондиҳандаҳои афзоиши сармояи мустақими хориҷӣ
(манбаъ – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Иктидорҳои захиравии мамлакат ҷиҳати рушди иқтисодӣ

  • дороӣ ва дастрасии захираҳои минералӣ ва ашёи хом;
  • шароити мусоиди замину иқлим;
  • дороии иқтидорҳои меҳнатии арзон ва ихтисосманд;
  • аз нав барқароркунии захираҳои гидроэнергетикӣ;

Соҳаҳои ҷолибтар барои сармоягузорон

  • энергетика;
  • саноати кӯҳӣ;
  • саноати химиявӣ;
  • сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ
  • саноати сабук ва хӯрокворӣ;
  • кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • нақлиёт ва коммуникатсия;
  • сайёҳӣ;

Тоҷикистон – мамлакати захираҳои бепоёни обӣ.

Гидроэнергетика

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар ҳаҷми 527 млрд. кВт/соат қувваи барқ дар як сол арзиш карда шудааст, аммо сатҳи азхудкунии захираҳо на зиёдтар аз 6%-ро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон – ягона мамлакати собиқ давлатҳои шӯравиест, ки аз соли ба даст овардани истиқлолият нерӯгоҳи барқи обии бузург, ба монанди  Сангтуда-1-ро бо иқтидори 400 МВт ва бо ҳаҷми умумии сармоягузории зиёда аз 750 млн. доллари ИМА сохта ба истифода додаст.

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва нерӯгоҳҳои барқӣ-гармдиҳӣ муайян шудааст, ки дар худ 11 лоиҳаҳо таҷассум кардааст ва барои татбиқи онҳо зиёда аз 5 млрд доллари ИМА бояд сармоя ҷалб карда шавад. Нақшаи истифодабарии комплексии иқтидорҳои гидроэнергетикии дарёҳои мамлакат ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ таҳия карда шудааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо дигар мақомотҳои давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди сармоя амалӣ карда истодааст. Бо ин мақсад рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мунтазам аз нав таҳия ва таҳрир гардида, манзури сармоягузорон ва шарикони потенсиалӣ карда мешавад.

Захираҳои зеризаминии Тоҷикистон – Зиёда аз 400 конҳои маъданӣ ва ғайри маъдании канданиҳои фоиданок муайян, тадқиқ ва барои истехроҷ омода карда шудаанд:

  • объектҳои маъданҳои тилло ва конҳои нуқра;
  • конҳои оҳанӣ-бисмутӣ ва волфрам;
  • захираҳои сурма;
  • мармар, хоросанг ва сангҳои қиматбаҳо;
  • захираҳои нафту газ;

Ҳуқуқи аз худкунии захираҳои табиӣ дар асоси озмун дода мешавад. Дар соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ якумин тендери кӯшоди байналмиллалиро оид ба гирифтани ҳуқуқи комплексии аз худкунии кони «Конимансури Калон» гузаронида истодааст (www.konimansurikalon.org).

  • «Конимансури Калон» - кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри ҶҶ тадқиқ карда шудааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб - 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 50000 тонна мебошад.
  • Айни замон, рӯйхати ширкатҳое, ки имконияти иштирокро дар марҳилаи хотимавии тендери байналмиллалӣ доранд, тасдиқ гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистое нақша дорад, ки оид ба азхудкунии дигар конҳои перспективӣ низ чунин тендерҳоро барпо намояд.

Кишоварзӣ – шароити беҳтарини иқлимӣ ва табиии мамлакат, ки шоёни офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариш намудани меваю сабзавотҳои ҷолиб аз ҷиҳати сифат ва мазза имконият медиҳад.

Самтҳои афзалиятноки рушди хоҷагии қишлоқ инҳоянд:

  • коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • коркарди пашм ва ашёи пустӣ;
  • пахтакорӣ;
  • боғдорӣ ва сабзавоткорӣ; (маҳсулоти аз ҳисоби экологӣ тоза);
  • ҳайвонпарварӣ;
  • замбурпарварӣ;
  • аз худкунии заминҳои нав;

Сайёҳӣ – Тоҷикистон ривоҷу равнақи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳиро ба роҳ монда, дорои иқтидорҳои рушди минбаъдаи намудҳои сайёҳии зерин мебошад:

  • экологӣ;
  • табобатӣ;
  • сайёҳии кӯҳӣ ва шикорчигӣ;

Кафолатҳои қонунгузорӣ барои сармоя ва сармоягузорӣ:

  • баробарҳукуқӣ байни сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ;
  • роҳ надодани маҳдудкунии ҳуқуқҳо нисбати сармоягузорон;
  • таъмини ҳуқуқи интихоби шартҳои мусоидтарини ҳуқуқҳо барои сармоягузорон, дар муддати 5 сол;
  • кафолати устувории созишномаҳои баимзорасида;
  • кафолати хукуқи истифодабарии даромад ва рафтуомади озодана дар ҳудудӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дахлнопазирии мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти сармоягузории сармоягузор;
  • кафолати ҳукуқи сармоягузор аз давлатикунонӣ ва мусодира;
  • кафолати ҳукуқи сармоягузор барои содироти моликият ва маълумот;
  • кафолати ҳукуқи истифодабарии захираҳои табиӣ;

Преференсияҳои андозӣ ва гумрукӣ:
1) Озодгардонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз нархи иловашуда

  • воридоти таҷиҳизотҳо ва воситаҳои комплектии истеҳсолӣ-технологӣ;
  • воридоти молу амволи шахсӣ барои истифодаи шахсӣ аз ҷониби кормандони хориҷии корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ;
  • воридоти масолеҳ барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ маъқул дониста шудаанд.
  • Воридоти масолеҳ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ,  ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои хеле муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд;
  • Воридоти масолеҳ барои истифодаи шахсии корхонаҳои нав таъсисдодашуда, ки машғули коркарди пурраи нахи пахта то ба барориши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад;

2) Озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда:

  • расонидани хизматрасонии молиявӣ;
  • фоизи лизинги молиявӣ;
  • содироти маҳсулот, ба ғайр аз пахтаи хоми коркардшуда, нахи пахта, ресмони пахтагӣ ва алюминийи аввал, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти заргарӣ аз металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

3) Озодкунӣ аз андоз аз фоида
Корхонаҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот таъсис дода мешаванд, ҳангоми интиқоли ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи сармоя ба фонди оинномавӣ, аз андоз аз фоида ба мӯҳлати зайл озод карда мешаванд:

  • 2 сол, агар ҳаҷми сармоя  то $500 ҳазорро ташкил диҳад;
  • 3 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $500 ҳазор то $2.0 миллионро ташкил диҳад;
  • 4 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $2.0 миллион то $5.0 миллионро ташкил диҳад;
  • 5 сол, агар ҳаҷми сармоя зиёда $5.0 миллионро ташкил диҳад;



Тартиби махсусӣ андозӣ
1) Андозбандии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ

  • Фармоишгар ва пудратчии кулл аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
  • андоз аз арзиши иловашуда;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • андози минималӣ аз даромад;
  • андоз аз замин;
  • андоз аз дорандагони воситаҳои нақлиётӣ;
  • андоз аз амволи ғайриманқул;
  • андози иҷтимоӣ;
  • боҷҳои давлатӣ;

2) Андозбандии корҳонаҳои аз нав таъсис додашуда, ки машғули коркарди пурраи нахи пахта то ба барориши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад:
а) содироти маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳои аз нав таъсис додашуда аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд;
б) корхонаҳои аз нав таъсис додашуда аз андозҳои зайл озод карда мешаванд:
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андози минималӣ;


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо