Тоҷикӣ | English |Türkçe

Ҳидоят ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ҷумҳурии Туркия доранд пеш аз сафар бояд қоидаҳои одии будубош дар ин кишварро донанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Туркия сафар менамоянд, ҳангоми будубош дар қаламрави ин кишвар аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия бархурдор мебошанд, ба истиснои кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ. Кафолати чунин ҳуқуқҳоро созишномаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ва санадҳои байналмилалии бисёрҷониба, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба он аъзо мебошанд, ташкил медиҳад.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия чунин санадҳои байналмилалии дуҷониба амал мекунад:

-                     Созишномаи консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аз соли 1996;

-                     Созишномаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи масъалаҳои шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аз соли 1996.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аъзои санадҳои зерини бисёрҷонибиаи байналмилалӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошанд:

-                     Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон аз соли 1948;

-                     Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз соли 1963;

-                     Пакти байналмилалӣ оид ба ҳуқуҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз соли 1966;

-                     Конвенсияи  байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз соли 1990.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ба Ҷумҳурии Туркия бо шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ бо мақсадҳои туристӣ ва тиҷоратӣ хоҳиши сафар кардан доранд, аз талаботи гирифтани раводид ба муҳлати 30 рӯз озод мебошанд.

Дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба муҳлати 90 рӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия бе раводид будубош намоянд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақсадҳои дигар (таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, фаъолияти боркашонӣ, хусусӣ, иқомати доимӣ ва хизматӣ, бе фаъолият дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ) сафар мекунанд, бояд аз Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар ш.Душанбе ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) раводиди навъи дахлдорро дастрас намояд.

Маълумот дар бораи раводиди меҳнатӣ: Тибқи қоидаҳои амалкунанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Туркия мақсади сафар намуданро дорад, иҷозати дахлдорро барои ин фаъолият тавассути Сафорати Туркия дар Душанбе дастрас менамояд. Ба сифати ҳуҷҷатҳои ососӣ шиносномаи шаҳрванд, анкета барои раводид ва мактуби дархостии корфармо ба шумор мераванд. Дигар ҳуҷҷатҳои лозима дар давоми 10 рузи корӣ аз санаи супоридани ариза ба Сафорат бояд  аз ҷониби корфармо ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Туркия пешниҳод гардад.  

Маълумоти муфассал оид ба тартиби гирифтани иҷозати кор  ва ҳуҷҷатҳои лозима барои он дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Туркия дастрас мебошад (http://www.csgb.gov.tr)

Аз 1 январи соли 2015, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Туркия “Дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалӣ” шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши вуруд шудан ба қаламрави Туркияро доранд муҳлати эътибори шиносномаашон бояд аз муҳлати ба охир расидани будубош (муҳлати дар раводид, раводиди электронӣ,  озод будан аз талаботи раводид ё иқомати доимӣ) дар ин кишвар на кам аз 60 рӯз бошад.

Барои ба Ҷумҳурии Туркия бо муҳлати будубоши 30 рӯз ворид шудан, бояд муҳлати амали ҳуҷҷати сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба охир расидани муҳлати будубош 60 рӯзи иловагӣ дар маҷмуъ 90 рӯз (30 рӯз + 60 рӯз) бошад.

Дар сурате ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дастгир мегардад ӯ ҳуқуқ дорад аз мақоми дастгиркунанда тибқи Созишномаи консулии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, талаб кунад, ки Сафорат ё Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул аз ин ҳолат хабардор карда шавад. Шаҳрванд инчунин тибқи санадҳои мазкур ҳуқуқи дархост намудани мулоқоти консулиро доро мебошад.

Дар ҳолатҳои фавқуллода шаҳрвандон метавонанд ба телефони ягонаи хадамоти фавқулодда 112 ё хадамотҳои алоҳида 115 (полис), 110 (хадамоти зидди сухтор), 156 (жандармерия), 118 (маркази маълумотдиҳӣ),  157 (хадамоти муҳоҷират, маркази дастгирии қурбониёни хариду фуруши инсон), телефони 0 (312)491-1607 (Сафорат дар Анкара) ва 0 (212)426-5054  (Консулгарии генералӣ дар ш.Истанбул) дар тамос шаванд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо