Тоҷикӣ | English |Türkçe

Раводиди электронӣ

 

 

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди  электрониро ба даст оранд.

Низоми раводиди электронӣ “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ муштариёнро озод менамояд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд.

Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро  тарк кунанд.

Дар сурати сафари дарозмуддат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои дипломатӣ, хизматӣ, меҳнатӣ, таҳсил,  башардустона, ҳамлу нақли автомобилии бору мусофир, гуманитарӣ, хусусӣ ва кории дарозмуддат шаҳрванди хориҷӣ бояд раводид муқаррарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд. Маълумоти муфассал оид ба дастрас намудани раводиди муқаррарӣ дар сомонаи www.visa.gov.tj пайдо карда мешавад. 

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо