Тоҷикӣ | English |Türkçe

Баррасии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба алоқаи байналмилии автомобилӣ ва боркашонӣ

30 марти соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Сафир Маҳмадали Раҷабиён бо Раиси кумитаи иҷроияи Ҷамъияти нақлиётчиёни Туркия Фатиҳ Шенер баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои умумии ҳамкориҳо оид ба ҳамлу нақли бор, баланд бардоштани имкониятҳои интиқоли  молу коло байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳамлу нақли озодона ва афзоиши интиқолот дар ду самт баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба тамосҳои хеш идома дода, ба мақсади беҳбуди шароит ва раванди ҳамлу нақли бор ва коло тадбирҳои дахлдор хоҳанд андешид.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо