Тоҷикӣ | English |Türkçe

Мулоқоти Сафир бо Муовини Раиси Клуби иқтисодии Ҷумҳурии Туркия

11 майи соли 2017 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муовини Раиси Клуби иқтисодии (Ekonomi Kulübü) Ҷумҳурии Туркия Зариф Раҳматуллоҳ баргузор гардид. Зимни мулоқот дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои он сохтори иқтисодӣ бо сохторҳои иқтисодӣ - тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули назар сурат гирифтанд.

Ҳарду ҷониб дар раванди тавсеаи ҳамкориҳо баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратиро ба мақсади дастрасӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо технологияҳои нав, рушди ҳамкориҳо оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои оғози ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди манфиат изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид намуданд.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо