Тоҷикӣ | English

Мулоқоти Сафир бо Раиси Порлумони Ҷумҳурии Туркия

20 апрели соли 2017 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Маҷлиси Миллии Бузург (Порлумон) - и Ҷумҳурии Туркия Исмоил Қаҳрамон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар, бахусус ҳамкориҳои байнипорлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи порлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, ин ҳамкориҳоро бахши муҳими ҳамкориҳои байни ду кишвари дӯст донистанд. Зимни мулоқот ҳамзамон таъкид гардид, ки бештар фаъол намудани ҳамкориҳои байнипорлумонӣ барои рушди муносибатҳои фарогири Тоҷикистону Туркия заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

Раиси Маҷлиси Миллии Бузурги Ҷумҳурии Туркия, таъкид намуд, ки Туркия хоҳони густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Мавсуф изҳори умедворӣ намуд, ки порлумонҳои ду кишвар аз тариқи ҳамкории гурӯҳҳои дӯстии Туркияву Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро идома хоҳанд дод ва ҳамзамон аз мубодилаи боздидҳои ҳайатҳои намояндагони мардумӣ аз кишварҳои ҳамдигар истиқбол хоҳанд намуд.

Ҳамин тартиб ҷонибҳо дар робита ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуда, барои густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ миёни ду кишвар омодагӣ изҳор намуданд.


Хабарҳои муҳим

  • Соли ҷавонон
    22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми ....
    22.08.2017 11:41
  • 2018-2028, Даҳсолаи амалиёти "Об барои рушди устувор"
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    22.08.2017 11:44
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:45
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо