Тоҷикӣ | English |Türkçe

 Ҷашни 25 солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дусту бародар

3 октябри соли 2017 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён дар чорабинии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, ки ба муносибати 25 солагии таъсиси муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дусту бародари Украина, Беларус, Молдова, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирзистон, Узбекистон, бо иштироки ҳайати дипломатии муқими Анқара баргузор гардида буд, ширкат варзид.

Дар доираи он чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу суханронӣ намуда, аз сатҳи ҳамкориҳои тӯли 25 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро натиҷаи талошҳои муштараки кишварҳои унвон намуда, хостори густариши бештари ҳамкориҳо гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ Вазири корҳои хориҷӣ Мевлут Чавушоғлу ва  сафирони кишварҳои Украина, Белорус, Молдова, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирзистон, Узбекистон ва Тоҷикистон акси хотиравӣ гирифтанд.

 

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо