Тоҷикӣ | English

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муфтии шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия

16 октябри соли 2017 вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Муфтии шаҳри Истанбул д-к Ҳасан Камил Йлмаз баргузор гардид. Дар вохурӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мизробиддин Сафаров низ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, бахусус дар соҳаи масъалаҳои диннӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо, бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди манфиати ду кишвар таъкид намуданд.

Ҳамин тартиб, мусоҳибаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорони рӯзномаҳои маъруфи кишвари иқомат баргузор карда шуд. Дар рафти суҳбат муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавриди ҳолати озодиҳои диннӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро маълумот пешкаш намуд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорони Агентии давлатии “Анадолу”, рӯзномаҳои “Спутник” ва “Босфор” ҷавоб гуфт.

 

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо