Тоҷикӣ | English

Номаи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳури Туркия ба муносибати Рӯзи миллии Туркия

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Ҷумҳурии Туркия, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоганро ба муносибати Рӯзи миллии Туркия табрик намуд.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла қайд гардидааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Шумо ва тамоми мардуми Туркияро ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон - Рӯзи ҷумҳурӣ - самимона табрику таҳният гӯям.

Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Туркия дар соҳаҳои мухталиф бо таваҷҷуҳи хосса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст хоҳад буд.

Итминони комил дорам, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар дар ояндаи наздик густариши тозаеро касб хоҳанд кард. Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи муссир қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, комёбиҳои рӯзафзун, хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тукрия хушрӯзӣ ва шукуфоӣ орзумандам."

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо