Тоҷикӣ | English

ҲНИТ ва ДОИШ: исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ

ДУШАНБЕ, 04.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  хатари ин созмони террористӣ ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ва махсусан вақте ки таълимот, фаъолият ва аҳдофи Ҳизби дар кишвари мо мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ДОИШ ба ҳам монанданд. Дар ин бора ҳафтаномаи «Фараж» маводе нашр кардааст, ки зарур донистем онро ба хонанадагони худ пешниҳод намоем.

Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурўҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Бо бераҳмии махсус куштани гурўҳ-гурўҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сўзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кўдакони хурдсол омўхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гўрмонанд, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурўшӣ, қир кардани одамон аз рўи қавму мазҳаб ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки ДОИШ анҷом додааст, ҳар рўз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад.

Ин саҳнаҳоро дида, ҳар шаҳрванди боҳуши Тоҷикистон беихтиёр мегўяд, ки хайрият мардуми мо аз ин даҳшат дур аст, хайрият дар кишвари мо сулҳу озодӣ ҳукмфармост. Вақте, ки ман ин саҳнаҳоро аз телевизон мебинам, садҳо бор шукр мекунам, ки хайрият дар Тоҷикистон пеши роҳи ДОИШ саривақт гирифта шуд, хайрият давлати мо саривақт фаъолияти ДОИШ-ро манъ кард!

Ин ташкилот дар Тоҷикистон худашро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номида буд, аммо фаъолияташ нишон медиҳад, ки фарқи ин ду гурўҳ фақат дар ном будаасту халос. Дар асл, ҳамаи факту далелҳо исбот мекунанд, ки ҲНИТ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон ҲНИТ. Як идеология, як мақсад, як спонсор, як вазифа, як тарзи фаъолият ё тавре  мегўянд, «як почерк». Фақат вобаста ба мамлакати ҷойгиршавӣ дар номи ДОИШ калимаҳои «Ироқ ва Шом» омадаасту дар номи ҲНИТ калимаи «Тоҷикистон».

Дар чанд моҳи охир донишманди тоҷик Исломиддин Шарифов масъалаи давоми «Ихвон-ул-умуслимин» ва копияи ДОИШ будани ТЭТ ҲНИТ-ро дар ду мақолаи худ исбот кард. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрам Сангзода бошад, ахиран дар ин масъала тадқиқот гузаронида, пурра исбот кардааст, ки ҲНИТ давомдиҳандаи кори гурўҳи ифротгарои байналхалқии «Ихвон-ул-муслимин» аст. Аммо чун мақолаҳои ин олимони тоҷик хосияти илмию мантиқӣ дошт, баъзе наҳзатиҳои хориҷӣ, махсусан координатори асосии байни ҲНИТ ва хоҷагони он — Сайидюнуси Истаравшанӣ кўшиш карда истодааст, ки ба ин мақолаҳо ҷавобҳои «фалсафӣ» навишта, давоми «Ихвон-ул-муслимин» ва нусхаи ДОИШ будани ҲНИТ-ро бо далелтарошиҳои тахайюлӣ инкор кунад.

Инро дида, мехостам як қатор мисолу факту рақамҳои таърихӣ ва ҳақиқиро дар бораи пурра ДОИШ будани ҲНИТ ба халқ пешкаш кунам, ки дар ин масъала дигар шубҳа намонад. Агар охунди наҳзатӣ С.Истаравшанӣ ва ё наҳзатиҳои дигар ҳатто як факти гуфташуда дар ҳамин мақоларо инкор карда тавонанд ё исбот кунанд, ки чунин набудааст, ман тайёрам узр пурсам. Аммо чи кунем, афсус, ки ҳамаи он чизҳое, ки ин ҷо мегўям, сад фоиз ҳақиқат буда, аз сари халқи тоҷик ва аз сари худи мо гузаштааст.

Бинобар ин, агар мо чеҳраи ТЭТ ҲНИТ-ро на аз рўи тоқии нави чустии С.А.Нурӣ, на аз рўи галстуки фасони франсавии М.Кабирӣ, на аз рўи айнакҳои олимнамои Сайидюнус, яъне ки на аз рўи зоҳир, балки аз рўи фаъолияти амалии ин ташкилот баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он айнан ДОИШ буда, дар баъзе масъалаҳо аз ДОИШ ҳам даҳшатноктар аст.

Соли 1989 дар масҷидҳои маркази шаҳрҳои Кўлоб ва Қурғонтеппа ҳодисае рух дод, ки на танҳо мардум, балки мақомоти қудратии СССР-ро низ ба ҳайрат гузошта буд. Вақте намози ҷумъа тамом шуд, ногаҳон садҳо нафар намозгузорон аз болои мардум гузашта ба имоми масҷид ва мўйсафедони намозгузор ҳамла карда, онҳоро бераҳмона латукўб карданд. Вақти тафтиш муфаттишон мепурсиданд, ки чи хел дар як лаҳза садҳо нафар намозгузор бо калтаку оҳану арматура ва теғу корд мусаллаҳ шуда, мисли як лашкари машқдида ба ин ду масҷид ҳуҷум карданд? Дертар маълум шуд, ки ин лашкар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, моҳҳои дароз барои ба даст гирифтани масҷидҳои минтақаи Хатлон нақша кашида будаанд. Теғу калтак дар бағал ва корду финка дар кисса ба Хонаи Худо омадан ва ба ҷои намозу ибодат ба имому намозгузорон ҳуҷум кардан яке аз аввалин амалиётҳои ҳарбию сиёсии ҲНИТ буд. Ҳуҷуми наҳзатиён ба ин ду масҷид бо мақсади гирифтани вазифаи имомӣ ҳодисае буд, ки дар ақли ягон тоҷик, ягон мусулмон ва махсусан, ягон ҳанафӣ намеғунҷид.

Ана ҳамин хел, ҳанўз дар давраи СССР дар саҳнаи Тоҷикистон гурўҳе зуҳур кард, ки зоҳиран номи исломӣ дошт, аммо барои вай на масҷид муқаддас буду на намоз, балки мақсади асосии он манфиат ва қудрат буд. Бобои Мулло Ҳайдар ҳоло зинда аст, Мулло Абдураҳими Кўлобӣ зинда аст, Домулло Муродҷони Қурғанӣ ҳам шояд зинда бошанд, онҳо метавонанд гўянд, ки ин ҳуҷуми аввалини ошкори мусаллаҳонаи наҳзатиҳо он вақт бо чӣ даҳшате рўх дода буд.

Моҳи апрели соли 1992, вақте, ки ТЭТ ҲНИТ бо нақшаи хоҷагони хориҷияш фазаи яроқноки ҷанги шаҳрвандиро сар кард, аввалин кораш гаравгонгирии мардум, кушодани зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд. Зиндони марказии ҲНИТ дар бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ҷойгир шуда, солҳои 1991-1992 наҳзатиҳо дар он садҳо нафарро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима шиканҷа ва қатл мекарданд. Вақте ин ноҳия аз дасти наҳзатиҳо озод шуд, дар таҳхонаи ин ҳаммом садҳо узви буридаи инсон ва даҳҳо ҷасад ба ҷой монда буд, ки касе намедонист ба кӣ тааллуқ доранд. Яке аз даҳшатноктарин саҳнаҳои ин зиндони наҳзатиён, ки аз ДОИШ ҳам гузашта буд, ин буд, ки онҳо узви таносули мардҳоро бурида партофта буданд. Ҳамон вақт чанд мўйсафеди маҳаллӣ ҷасадҳо ва аъзои бадани одамонро дар халтаҳо ҷамъ карда, тавбакунон дар қабристони маҳаллаи Заргар гўрониданд. Аз ин хотир, ҳар вақте, ки телевизон ҷиноятҳои ДОИШ-ро нишон медиҳад, ҳамон ҳаммоми хунини ҲНИТ дар ноҳияи Вахш пеши назар меояд. Яъне ДОИШ дар мо даҳсолаҳо пеш корашро сар карда буд.

Акнун ман мехостам аз адвокати наҳзатиён С.Истаравшанӣ пурсам, ки оё зиндони хунини ҳаммоми совхози «Туркманистон» буд ё набуд? Оё аз тарафи наҳзатиҳо бурида шудани узвҳои бадани садҳо нафар ҷавонмардони бегуноҳ дар таҳхонаи он зиндон буд ё набуд? Агар ў «набуд» гўяд, пас бори дигар мефаҳмем, ки ин охунд чун ҳамеша дурўғгў ва бевиҷдон аст. Вале агар «буд» гўяд, пас бори дигар исбот мешавад, ки ҲНИТ на танҳо ба ДОИШ монанд, балки дар ин гуна ҷиноятҳо собиқадортар ва бадтар аз ДОИШ аст. Ин ҷо дигар гап дар бораи илму фалсафа намеравад, ки гапбофӣ кунед, ин ҷо гап дар бораи факту далел ва ҳақиқате меравад, ки ҳазорон шоҳид дорад.

Оиди маҳбаси хунини ҲНИТ дар совхози «Туркманистон» гап зада, як чиз ба ёд омад. Яке аз командирҳои ин зиндон, узви Раёсати ҲНИТ Шамсиддин Саидов имрўзҳо дар давлатҳои Европа дар конференсияҳо дар ҳолати ширакайф пайдо шуда, ҳатто дар бораи ҳуқуқи башар гап мезанад. Биёед, ҳамон сурату навору саҳнаҳо ва шоҳидии шоҳидони қассобхонаи ҲНИТ-ро, ки Ш.Саидов яке аз масъулони асосияш буд, ба ҳамон дўстони европоияш, ки акнун ба ў паноҳгоҳ додаанд, равон кунем. Он наворҳо бояд дар архиви «Телевизони Хатлон» бошанд. Мувофиқи қонунҳои байналхалқӣ ин шахс бояд бо гуноҳи «ҷинояти ҷангӣ» ва «генотсид» зиндон шавад. Аммо ў акнун худро ҳомии ҳуқуқи башар муаррифӣ мекунад. Ин дараҷаи олии бешарафӣ ва ҳилаю макр аст, ки фақат аз дасти наҳзатиҳо меояд.

Илова ба ин, дўстону атрофиёнаш ва ҳамаи сарчашмаҳои муътамад бангӣ ва гирифтори маводи мухаддир будани Ш.Саидовро тасдиқ мекунанд. Агар дўстони европоияш ин бемории сиҳсолаи қассоби бангии ҲНИТ Ш.Саидов, ё ҳоло дар Европа аз куҷо бангу чакида ёфтани ўро ҳам пайгирӣ мекарданд, бисёр хуб мебуд.

Аммо коре, ки пурра як чиз будани ҲНИТ ва ДОИШ-ро нишон медиҳад, ихтирои бемислу монанди наҳзатиён дар Тоҷикистон, яъне «бочка-зиндонҳо» ва «бочка-шиканҷаҳо» мебошад. Ин ихтирои  зиддиинсонии ҲНИТ чунин буд, ки онҳо систернаҳои оҳании об ё бензину керосинро гирифта, одамонро дар даруни онҳо зиндон мекарданд. Гоҳо дар як бочкаи оҳании як-ду тоннагӣ то 8-10 нафарро андохта, дари онро қулф карда мемонданд. Аз чунин зиндон на танҳо гурехта намешуд, балки аксаран инсонҳо аз гармии тоқатфарсо, аз нарасидани ҳаво ва аз бўю гази наҷосатҳо нафасгир шуда, рўзҳо ҷон канда – ҷон канда мемурданд. Ё дар чунин систерна-зиндонҳо зимистон аз хунукӣ шах шуда ҳалок мешуданд. Ба маълумоти сад фоиз мушаххас, чунин «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ-ро дар ноҳияи Ҷиргатол ва Тоҷикобод командири машҳури ҲНИТ Шайхи Ёрибек, дар Нуробод Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ «Раҳмон Гитлер» ва Мансур васеъ истифода мебурданд.

Ихтирои даҳшатноки дигари наҳзатиён ин буд, ки қумандонҳои ҲНИТ одамони бегуноҳро ба ин бочкаҳои оҳанӣ андохта, фармон медоданд, ки аз берун бочкаро бо лому оҳан сахт-сахт зананд. Одами даруни бочка аз овози баланду даҳшатноке, ки дар даруни бочка мешуд, пардаҳои гўшаш кафида аз ақл бегона мешуд ва ё аз ҳолати фишори зиёди психологӣ дилу рагҳояш кафида мемурд. Ин даҳшатноктарин тарзи ҷазодиҳӣ ва шиканҷа ва қатл буд, ки маҳз ҲНИТ ихтироъ карда, ба ҳазорон нафар иҷро кардааст. Ин кори наҳзатиёнро шиканҷа ё қатли «аккустикӣ» номидан мумкин будагист.  Даҳшате, ки ҳатто ақли ДОИШ ҳам ба он нарасидааст.

Оё ягон наҳзатие ҳаст, ки гўяд, ки будани бочка-зиндонҳои ҲНИТ дурўғ аст? Албатта, не, чунки ҳамаашон нағз медонанд, ки ҳар як қумандони наҳзатӣ чандто чунин бочка-зиндон дошт. Ё наҳзатиҳо гумон доранд, ки табассумҳои маккоронаи М.Кабирӣ ин чизҳоро мепўшонад, ё мардуми тоҷик ин чизҳоро фаромўш кардааст? Не, ҳаргиз. Барои исбот, даҳҳо нафар мардуми минтақаи Ҷиргатол, Нуробод, Тоҷикобод, Ромит ё Роҳатӣ то имрўз ҳам аз ин шиканҷаи бемисл дар «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ назди духтурҳои рўҳшиносу асабшинос табобат мегиранд. Ҳар яки ин тасодуфан зиндамондаҳо шоҳиди ин ҷинояти бемислу монанди ҲНИТ-ДОИШ ҳастанд. Картаҳои тиббияшон ҳаст ва худашон тайёранд, ки ба тамоми ҷаҳон дар ин бора шаҳодат диҳанд. Пас, С.Истаравшанӣ, ки худро олиму файласуф медонад, бо кадом виҷдон чунин ҷинояти ғайриинсонии ҲНИТ-ро сафед мекунад ва муаллифони онро ҳимоят мекунад? Ин хел бошад, биёед ба ин ҳоҷӣ-оғо унвони халқии «файласуфи терроризм»-ро диҳем.

Ҳамин хел, боз садҳо ҷинояти гўшношуниде ҳаст, мисли соли 1992 дар гуруснагӣ муҳосира кардани минтақаи Кўлоб, ки боиси тухми алафу ҷорўб хўрдани мардум ва гушнамарг шудани ҳазорон нафар занону кўдакон шуд, соли 1992 гаравгон ва дар подвали парламент ҳабс кардани депутатҳои Шўрои Олӣ, ба гаравгон гирифтани хонандагони руси мактаби №8-и пойтахт, солҳои 1994-1998 бо таъсиси конслагери ҳақиқӣ дар минтақаи Тавилдара, хусусан дар Вахёи Боло ва Миёнаду ба муддати 4-5 сол чун ғулом нигоҳ доштану кор фармудани беш аз 1000 нафар одамон, соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони заставаи 12-уми сарҳадбонони Россия, соли 1997 дар Тавилдара ваҳшиёна куштани ҳайати СММ, соли 2010 ташкили қатли дастаҷамъии наваскарони бегуноҳи Вазорати мудофиа дар дараи Камаров, силсилаи қатлҳои шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва ғайра. Ҳамаи ин боз ҳам нишон медиҳад, ки дар масъалаи зулму бераҳмӣ ва қатлу ҷиноят байни ҲНИТ ва ДОИШ ягон фарқе нест.

Хулоса, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод! Ана гап дар бораи чӣ миқёси бузурги ҷиноят меравад!

Илова ба як будани тарзи фаъолият, мақсади асосии ДОИШ ва ҲНИТ ҳам як чиз аст: ба даст гирифтани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ. Ҳақ ба ҷониби олими тоҷик Рустами Азиз аст, ки соле пеш китобҳои асосгузори ҲНИТ С.А.Нуриро хонда, иқтибосҳои зиёд оварда, нишон додааст, ки мақсади асосии ҲНИТ ҳам сохтани давлати исломӣ мебошад. Ин рост аст, зеро дар амал ҳам ҲНИТ инро борҳо исбот кардааст.

Масалан, моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИТ афтод, онҳо дар ин минтақа зуд давлатчаи худро бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИТ узви раёсати олии ҳизб Саъдиддини Рустам,  ки  ҳоло  дар зиндон аст, «президент»-и ин «давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ҲНИТ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Диққат кунед, ки аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ҲНИТ чи хел буданд: «аз хона набаромадани занон», «аз чор ангушт кам набудани риши мардон», «ба мактаб нарафтани духтарон», «аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид», «ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИТ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқӣ дар тўйҳо» ва ғайра буданд. Агар ин фармонҳои «давлати исломӣ»-и ҲНИТ-ро бо амрҳои халифаи ДОИШ муқоиса кунем, ҳеҷ фарқе дида намешавад.

Яъне бо ба даст омадани фурсат, наҳзатиҳо дар Ғарм як режими зулму ситаму ғорати мардумро бо номи «давлати исломӣ» ба роҳ монданд. Хушбахтона, ин сохтори сиёҳи наҳзатиён дер тўл накашиду баҳори ҳамон сол аз тарафи нерўҳои давлатӣ пароканда шуд. Роҳбаронаш бошад ба Афғонистон гурехта, фаъолияти золимонаро он ҷо дар сари гурезаҳои тоҷик давом доданд…

Куҷост ягон наҳзатӣ ё адвокати онҳо, ки инкор кунад, ки ҶИҒ набуд? Исбот кунад, ки ин хел «давлати исломӣ» ва ин хел фармонҳои зиддиинсонӣ ва ғоратгарона аз тарафи ҲНИТ содир нашуда буд? «Барои муҷоҳидон» гуфта бо зўри силоҳ ҷамъ кардани себу асалу картошкаю нони мардуми Рашт буд ё набуд? Касе аз онҳо инкор карда наметавонад, чун тамоми мардуми водии Рашт медонанд, ки ин як ҳақиқати таърихӣ аз фаъолияти даҳшатноки ҲНИТ аст. Агар С.Истаравшанӣ, ки худро алломаи замон мепиндорад, тамоми «донишҳои заминию осмонӣ»-и худашро ҷамъ кунад ё тамоми мушовирони охундашро сафарбар кунад, як зарраи ин ҷиноятро инкор карда наметавонанд. Зеро мардуми Рашт зиндааст ва дастхати фармонҳои «президенти ҶИҒ» мулло Саъдидин Рустам бо хати каҷу килебу имзои бесаводонааш дар ҷилдҳои парванди якуми ў, ки тафтишаш солҳои 1994-1995 гузашта буд, барои таърих дўхта шуда мондагӣ аст.

Аз ҳама аҷиб, ки ҳафтаи гузашта дар расонаҳо баромади яке аз фаъолони гурезаи ҲНИТ дар Полша Муҳамамдсаид Ризоӣ чоп шуд, ки дар он гуфтааст, ки ҲНИТ тарафдори давлати дунявии демократӣ мебошад. Ин дурўғ барои рўирост фиреб додани европоиён гуфта шудааст, зеро таҷриба нишон додааст, ки ҲНИТ ба маҳзи имкон ёфтан, зуд орзуи деринаи худ, сохтани давлати асримиёнагии золимонаро амалӣ мекунад. Чи хеле ки дар китобҳои С.А.Нурӣ ба наҳзатиҳо васият шудааст ё чи хеле, ки соли 1993 дар минтақаи Рашт чунин ташкилоти даҳшатнокро сохта буд. Аз ин сабаб, суханҳои М.Ризоиро хонда, он мисраи Умари Хаём ба ёд меояд: «Инро ба касе гў, ки туро нашносад…» Боварӣ дорам, ки мардуми Тоҷикистон дигар ҳаргиз ин фиреби маккорону дурўягони наҳзатиро намехўрад.

Ногуфта намонад, ки ин «давлати исломӣ»-и ҲНИТ аломатҳои дигари ДОИШ, аз ҷумла ташкили ба ном «судҳои исломӣ» ё «самосуд» ва бегуноҳ ба куфру бидъату қатл ҳукм кардани одамонро низ васеъ истифода мекард. Қозии ин давлати ҲНИТ — Мулло Абдуғаффори «Танка» дар тамоми «парвандаҳо» фақат як ҳукм медод — ҳукми қатл. Зеро сатҳи фаҳмиш ва идеологияи террористии ў фақат ҳамин қадар буд. Дар солҳои фаъолияти «судҳои исломӣ»-и ҲНИТ дар минтақаи Рашт, водии Язғулом ва дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукми ин қозиҳои наҳзатӣ садҳо каси бегуноҳ кушта шуданд. Пас аз Абдуғаффори «Танка» вазифаи қозигии ҲНИТ-ро дар Афғонистон Мавлавӣ Муҳаммадҷони Файзмуҳаммади Панҷӣ давом дод, ки ҳукмҳои ў боз ҷоҳилонатару шадидтар буданд…

Яке аз ҳукмҳои машҳури қозии ҲНИТ Мулло Абдуғаффор дар соли 1994 ҳалол эълон кардани кашидани банг ва тиҷорати маводи мухаддир барои ҷангандагони наҳзатӣ буд. Дар асоси ҳамин фатвои наҳзат қариб ҳамаи фармондеҳону ҷангандаҳои ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хариду фурўши маводи мухаддир машғул шуда, як қисми пули ҲНИТ аз ин тариқ таъмин мешуд. Ин ҳақиқатро ҳамаи наҳзатиҳо ва ғайринаҳзатиҳо хуб медонанд. Ё ҳама дар ёд доранд, ки дар Афғонистон байни қумандонҳои наҳзат ва қочоқбарони афғон ба сабаби саривақт надодани «пули бор» чӣ хел задухўрдҳои мусаллаҳона мешуд.

Ин фатвои наҳзат ҳам як бори дигар ягонагии ҲНИТ бо ДОИШ-ро яқин нишон медиҳад: зеро халифаи худхондаи ДОИШ Абубакри Бағдодӣ ҳам расман фатво додааст, ки «Банг барои муҷоҳид ҳалол аст, зеро ғурури муҷоҳидро зиёд мекунад»! Фатвое, ки бар хилофи тамоми таълимоти дини мубини ислом аст. Акнун чи хел мегўед, ки ҲНИТ аз ДОИШ фарқ мекунад? Фатво як хел, тарзи фикри як хел, манбаи даромад як хел.

Қозии наҳзат Мулло Афбдуғаффор ҳатто нисбати ҳар гуреза ё муҳоҷири тоҷик, ки фиреби наҳзатиҳоро фаҳмида, он солҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанӣ мешуд, «дору-л-исломро тарк карда ба дор-ул-куфр меравад», гуфта ҳукми қатлашро медод. Ин муллои мутаассиб, ки ба бераҳми худ машҳур буд, баҳори соли 1994, шояд аввали моҳҳои май буд, чунин ҳукмро ҳатто нисбати пири мо, олими бузургу машҳури исломии тоҷик раҳматӣ Мавлавӣ Муҳаммадии Қумсангирӣ ҳам содир карда буд. Чунки мавлавӣ, ки аввал ба Афғонистон гузашта буд, бо дидани ҳақиқатҳо «ҷиҳод»-и ҲНИТ-ро нодуруст эълон карда, сулҳро дастгирӣ карда, бо муридонаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанӣ шуд.

Чун он вақт муддате дар радиои ҲНИТ «Садои муҷоҳид» чун журналист кор мекардем, бо супориши раиси радио Бобоҷони Шафеъ хутбаҳои С.А.Нурӣ дар намози ҷумъаи кампи муҳоҷиронро сабт карда, дар радиои наҳзат, ки студия ва таҷҳизоташро ба мо пурра Ҷумҳурии Исломии Эрон дода буд, пахш мекардем. Аз ҳамин сабаб, дақиқ дар ёдам ҳаст, ки ҳукми «қозиюлқузоти ҲНИТ» дар бораи ба сабаби ба Тоҷикистон баргаштан хостанаш(!) «воҷиб шудани қатли Мавлавӣ Муҳамамдӣ»-ро ҳатто худи роҳбари ҲНИТ С.А.Нурӣ дар намози ҷумъаи муҳоҷирони тоҷик хонда шарҳ дода буд.

Чун Мавлавӣ Муҳаммадӣ дар байни муҳоҷирон, хусусан мардуми ҳоитӣ обурўи калон дошт, баъди намози ҷумъа вазъият тезу тунд шуд. Ҳамон бегоҳ барои иҷрои ҳукми наҳзат ба иқоматгоҳи мавлавӣ дар кампи Боғи Ширкат наҳзатиҳо бо силоҳ ҳуҷум карданд, дар он задухурд 6 кас кушта шуд. Лекин муридонаш, хусусан ҷавонони ҳоитӣ, аз чор тараф ўро бо силоҳ муҳофизат карда, бо ёрии қувваҳои қумондони машҳури афғон Сардор Наҷмиддин аввал ба Тахор ва баъд бо иҷозати Устод Раббонӣ ба Тоҷикистон оварданд.

Ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадӣ 90 сол умр дида, то соли 2014 зинда буданд ва то охири умрашон ба ҳама таъкид мекарданд, ки аз наҳзатиҳо ҳазар кунед, онҳо аз мо нестанд, онҳо аз мазҳаби мо нестанд. Ҳазорон нафар муҳоҷирони урдугоҳҳои Боғи Ширкат ва Кампи Сахӣ шоҳиди ҳамин ҳодиса ва садҳо ҷинояти дигари судҳо, қозиҳо ва қумандонҳои наҳзатӣ дар Афғонистон мебошанд.

Канӣ ягон наҳзатӣ, ё адвокату координали онҳо гўяд, ки ҳамин хел қозиҳо, ҳамин хел «судҳои исломӣ»-и наҳзат, ҳамин хел ҳукми қатли Мавлавӣ Муҳаммадӣ, ҳамин хел ҳуҷуми наҳзатиҳо барои қатли ин олими бузурги ҳанафии Тоҷикистон набуд. Не, албатта ба ягон роҳ инкор карда наметавонанд. Чунки буд. Ҳазорон нафар шоҳиди ин ҳодисаи калон ва машҳур ҳоло ҳам зинда ҳастанд, аз ҷумла, фарзандони раҳматӣ.

Аммо росташро гўем, дар ин масъала ДОИШ аз ҲНИТ як бартарӣ дорад. ДОИШ рўирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва чунин қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИТ корашро бо фиребу дурўягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, аммо дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот ба хоҷагони хориҷӣ, ки сабти онҳо ҳаст, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад. Сабаби чунин дурўягии наҳзатиён дар чист? Сабаб дар ин аст, ки роҳбарони ҲНИТ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рўй гардонда, мазҳаби шиъаро қабул кардаанд. Дар он мазҳаб бошад тақия кардан ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиъа, ки наҳзатиҳо онро қабул кардаанд, дурўғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурўҳи ифротгарои террористӣ бошад, варианти тоҷикистонии он – ҲНИТ, гурўҳи ифротгарои террористии мунофиқ аст. Яъне дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад.

Дар ҳар мамлакати дигари дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурўҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар ҳамон Европа ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрўз ҷиноятҳои фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Ҷиноятҳои яқиншуда ва зикршудаи наҳзатиҳо аз он чи камӣ дорад? Агар фашистон одамонро дар камераҳои газ кушта буданд, наҳзатиҳо одамонро дар бочкаҳои оҳанӣ буғӣ карда куштаанд. Ё ба фатвои наҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо куштани тоҷикон гуноҳ ҳисоб намешавад?

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурўҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукўҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд(!!!).

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кўшиши онҳо саривақт саркўб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИТ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурўҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Ин ҷо ҳам адвокатҳои наҳзатӣ бояд донанд, ки манъ кардани ҲНИТ ба шартномаи сулҳ ягон муносибат надорад, чунки ҲНИТ-ро барои он ҷиноятҳои вазнини ДОИШ-ияш набастаанд, балки барои дар соли 2015 бо супориши кишвари хориҷӣ тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва амалӣ кардани кўшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона бастаанд. Магар барои ин хел кор давлат бояд нисбати ин ташкилот чӣ кор мекард?

Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИТ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону спонсорҳояшон ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро дар назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гўем, «Ал-қоида» гўем, «Толибон» гўем, «Боку Ҳаром» гўем ё «ҲНИТ» гўем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Ё дигар фарқ надорад, ки Бен Ладен гўем, Мулло Умар гўем, Абубакри Бағдодӣ гўем ё Муҳиддин Кабирӣ гўем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, формаҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо, ролҳо, хоҷагон, спонсорҳо як аст.

Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИТ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рўйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИТ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол бошад, номи роҳбарони гурезаи ҲНИТ-ро дар садри рўйхати ҷинояткорони байналхалқӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИТ-ро исбот карда, бори дигар ҳамон ДОИШ будани ҲНИТ-онро нишон медиҳад. ДОИШ дар Тоҷикистон.

 

Иззатулло САЪДУЛЛО,
номзади илмҳои таърих,
аъзои собиқи ҲНИТ,
роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ
дар ноҳияи Шоҳмансур дар солҳои 1999- 2009
ва яке шоҳидони бевоситаи ин ҳодисаҳо

  

(Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж»)


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо