Тоҷикӣ | English |Türkçe

Иштирок дар Ҷаласаи 33-уми вазирони Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC)

Рӯзҳои 20-23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Ҷаласаи 33-уми вазирони Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) барпо гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён дар баробари дигар кишварҳои аъзои COMCEC иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи Ҷаласаи вазирон, ки санаи 22 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоған ширкат варзид.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ ҳайатҳои беш аз 40 кишвари аъзо ҳузур доштанд. Ҷаласаи вазирон масъалаҳои вобаста ба рушди даҳлезҳои трансмиллии нақлиётӣ дар паҳнои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар робита ба мавзӯъ Ҷаласаи вазирон қатъномаи дахлдор қабул намуд.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо