Тоҷикӣ | English |Türkçe

Баргузории намоишгоҳи умумиҷаҳонии рушди кишварҳои Ҷануб-Ҷануб

Бо ибтикори Дафтари СММ оид ба ҳамкориҳои Ҷануб-Ҷануб рӯзҳои 27-30 ноябри соли 2017 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи умумиҷаҳонии рушди ҳамкориҳои Ҷануб-Ҷануб барпо гардид. Дар намоишгоҳи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён дар баробари дигар кишварҳои аъзо  иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, ки санаи 27 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Чавушоғлу ширкат варзид ва суханронӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ беш аз 800 нафар аз кишварҳои гуногун ҳузур доштанд. Намоишгоҳи Анталия масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳо ва рушди кишварҳои Ҷануб-Ҷабуд дар паҳнои кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор дод.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо