Тоҷикӣ | English |Türkçe

Мулоқот бо Раиси Палатаи саноати шаҳри Анкара

Нимаи дуюми санаи 25 январи соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Палатаи саноати шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия Нуреттин Оздебир баргузор гардид. Зимни мулоқот дар робита ба масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо табодули назар сурат гирифтанд.  

Ҳарду ҷониб дар раванди тавсеаи ҳамкориҳо баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратиро ба мақсади дастрасӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ дар соҳаҳои манфиати ҳамдигар муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идома ва таҳкими бештари ҳамкориҳо изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкориҳо таъкид намуданд.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо