Тоҷикӣ | English |Türkçe

Боздиди ҳайати кормандони Сафорат аз фабрикаи “Бейпилич” - калонтарин истеҳсолкунандаи гушти мурғ дар Ҷумҳурии Туркия

21 феврали соли 2018 ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади ошноӣ ва омузиши таҷрибаи фаъолияти калонтарин фабрикаи   истеҳсолкунандаи гушти мурғи шаҳри Болуи кишвари иқомат “Бейпилич” боздид намуд.

Дар доираи ин боздид мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия М.Раҷабиён бо Раиси кулли Анҷумани истеҳсолкунандагони гушти сафед ва парандапарварӣ ва ҳамзамон муҳандиси фабрикаи “Бейпилич”-и Ҷумҳурии Туркия доктор Саит Коҷа баргузор гардид. Зимни мулоқот  дар баробари дарёфти маълумоти фарогир дар робита ба таҷрибаи фабрикаи мазкур, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди манфиат изҳор намуданд.

Бар асоси маълумоти роҳбарияти фабрикаи “Бейпилич”-и шаҳри Болу иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 200 ҳазор тонна баробар буда, то соли 2019 ин рақам ду маротиб афзоиш дода мешвад.

 

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо