Тоҷикӣ | English |Türkçe

Номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Ҷумҳурии Туркия, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоганро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла қайд гардидааст:

 "Ҷаноби Олӣ,

            Бо камоли сарфарозӣ Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратонро бо Иди саиди ал-Фитр самимона табрик ва муборакбод мегӯям.

            Ин ид, ки баёнгари ормонҳои моҳи мубораки раҳмату мағфирати Рамазон аст, аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ - сабру таҳаммул,    некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, якдиливу меҳру муҳаббати инсониро таҷассум мекунад.

 Изҳори итминон, менамоям, ки бо такя ба арзишҳои поки он ва бо кушишу талошҳои созандаву ҳадафмандонаи муштарак мо аз мушкилоте, ки имрӯз инсоният бо он мувоҷеҳ шудааст, раҳоӣ ёфта, муҳтавои ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.  

 Дар ин рӯзҳои барои тамоми мусулмонони сайёра муборак ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари ҶумҳурииТуркия сулҳу ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзумандам.”

  


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо