Тоҷикӣ | English |Türkçe

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром, ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, воқеъ дар шаҳри Анқара, ноҳияи Чанкая, маҳаллаи Оран, кӯчаи Ферит Реҷаи Эртуғрул №20, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат, аз ҳамаи Шумо ва аъзои оилаи гиромиатон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват менамоем, то дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоед.

Лутфан бо худ гирифтани шиносномаатонро фаромуш накунед.

Ҳамзамон, аз райъдиҳандагон изҳори хоҳиш мегардад, то тамоми тартибу талаботҳои ҷоринамудаи кишвари иқоматро оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 риоя кунанд.

Бо эҳтиром,

Комиссияи участкавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Тел.: (0312) 491 16 07

Факс: (0312) 491 16 03

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо