Тоҷикӣ | English |Türkçe

Номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия ба муносибати Иди мубораки ал-Адҳа

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Ҷумҳурии Туркия, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоганро ба муносибати Иди мубораки ал-Адҳа табрик намуд.

 Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла қайд гардидааст:

  "Ҷаноби Олӣ,

 Лутфан самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниёти моро ба муносибати ҷашни Иди мубораки ал-Адҳа қабул фармоед.

Ба Шумо сидқан сиҳатмандии комил, бахту иқбол, комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари кишваратон сулҳу амонии босубот ва рушду нумӯи бардавом хоҳонам.

Бовар дорам суннатҳои аслии Иди фархундаи ал-Адҳа, ки аз умқи арзшиҳои волои умумибашарӣ маншаь мегиранд, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмию дастгирии ҳамдигари мардумони моро, ки бар муштаракоти маьнавии онҳо асос ёфтаанд, минбаьд низ таҳким хоҳанд бахшид.

Бо истифода аз фурсати муносиб азми қавии хешро ҷиҳати пешбурди ҳамаҷонибаи фаьолияти якҷоя бо Шумо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкориҳои созандаи байни Тоҷикистон ва Туркия изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки мо таҳдиду хатарҳои фарогири имрӯзаро бо сарбаландӣ паси сар карда, минбаьд низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои волои таьмини рифоҳу некӯаҳволии уммати ислом талошҳои муштарак ба харҷ хоҳем дод.”

 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо