Тоҷикӣ | English |Türkçe

Конфронси тасвирии мақомоти расмии соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Санаи 14 сентябри соли равон Конфронси тасвирии мақомоти расмии соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати ҷонибҳо баргузор гардид.

Дар нишаст аз ҷониби Туркия Муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия Гонҷа Йилмаз Батур, Раиси Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, Раиси Шурои соҳибкории Туркия - Тоҷикистон Ҷиҳангир Саатчиоглу ва аз ҷониби Тоҷикистон Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Муовини аввали Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Шерализода, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва намояндаи КВД “Тоҷинвест” иштирок ва дар ҷаласаи умумӣ суханронӣ намуданд.

Зимни нишаст ҳудуди 180 нафар намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар дар доираи бахшҳои алоҳида (В2В) оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хурока (1), насоҷӣ (2) ва сохтмон ва энергетика (3) табодули афкор анҷом доданд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо