Тоҷикӣ | English |Türkçe

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот

“Муҳтарам Президент,

Дӯсти Азизам,

Аз номи мардуми Ҷумҳурии Туркия ва шахсан аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олӣ дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон доиргардида ва эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон ба Шумо бо беҳтарин таманниёт самимона табрик намуда, бароятон комёбиҳои бардавом орзумандам.

Хеле шод ҳастем, ки интихобот бо муваффақият ва дар фазои оромию осоиштагӣ баргузор гардид. Натиҷаи интихоботро ба мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Итминон дорам, ки дар якҷоягӣ робитаҳоямонро, ки аз пайвандҳои зичи дӯстии байни мардумонамон ва кишварҳоямон неру мегиранд, дар давраҳои минбаъда низ вусъат хоҳем бахшид.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву некӯаҳволии бардавом таманно дорам”.

 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо