Тоҷикӣ | English |Türkçe

Гардиши мол

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ самти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ мусбат арзёбӣ мешавад.

Бо вуҷуди кам шудани ҳаҷми муомилот солҳои охир, Туркия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Боиси тазаккур аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2017 наздики 320 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлили муқоисавӣ бо соли 2013 нишон медиҳад (беш аз 650 млн. доллари ИМА), ки ду кишвар дорои иқтидори кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошанд.

Маводи асосии содиротии Тоҷикистон ба Туркия алюминийи хом ва пахта мебошанд. Аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан маводи ғизоӣ, маҳсулоти насоҷӣ ва химиявӣ ворид мегардад.

Нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар:

Сол

Ҳаҷми умумӣ (ҳазор доллари ИМА)

Содирот (ҳазор доллари ИМА)

Воридот (ҳазор доллари ИМА)

2012

600 577.2

493 378.2

107 199.0

2013

656 026.3

473 454.2

182 572.1

2014

398 470.5

251 804.4

146 666.1

2015

388 480.8

255 693.6

132 787.2

2016

315 077.3

200 765.0

114 312.3

Таҳлили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вуруди сармояи Туркия дар солҳои охир дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳаҷми сармояи Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои 2007-2017 дар ҳудуди 200 миллион доллари ИМА қарор дорад.

Дар ин раванд фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳимро касб намудааст. Тавассути Агентии ҳамкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 90 млн.доллари ИМА амалӣ гардидаанд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар авлавияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия қарор дорад. Имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ба монанди истеҳсоли маводи сохтмонӣ, қолинбофӣ, мебелсозӣ, ғизоӣ фаъолият мекунанд.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо