Тоҷикӣ | English |Türkçe

Комиссияи иқтисодӣ

 

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

Ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ 15-16 феврали соли 2017 дар ш. Душанбе баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо – Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро Муовини Сарвазир - Йлдирим Туғрул Туркеш роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур тавсеаи ҳамкориҳо ба мақсади афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди ҳамкориҳо оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Чун анъана, муносибатҳои Тоҷикистону Туркия бар асоси принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст. Маҷмӯи васеи ҳамкориҳо бо дӯстии самимии халқҳои мо асос ёфтааст. Ҳарду ҷониб аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф таъкид доштанд.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки новобаста аз густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба ва комёбиҳои ноилшуда, ҳаҷми тиҷорати мутақобила иқтидори воқеии ду кишварро инъикос намекунад.

Қобили тазаккур аст, ки дар аснои ҷаласаи Комиссия ҷонибҳо татбиқи Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ки рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2012 дар шаҳри Анқара баргузор гардида буд, баррасӣ намуданд.

Дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳошияи Ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодӣ 16 феврали соли 2017 дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркия бо иштироки доираҳои соҳибкории ду кишвар ва аъзои Шӯрои муносибатҳои иқтисодии Туркия баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони 50 ширкати туркӣ ва бештар аз 150  соҳибкорони Тоҷикистон иштирок карда, имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаҳои техникаи кишоварзӣ, маҳсулотҳои сохтмонӣ, логистика, маҳсулотҳои заргарӣ, ИТ-технология, маводҳои хӯрока ва нӯшока, хизматрасонӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳои ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расид.

Дар муносибатҳои байни ду кишвар заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст, ки дар оғози соли 2017 теъдоди он ба зиёда аз 65 адад расид. Ин ҳуҷҷатҳо принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иқтисодию тиҷоратиро муайян менамояд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо