Тоҷикӣ | English

Муносибат ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

 

Муносибат ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

 

 

Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Туркия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнокро касб намуда, то ба имрӯз дар самтҳои гуногун самаранок идома дорад. Туркия дар миёни аввалин кишварҳое қарор дошт, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (29 январи соли 1992) ба расмият шинохт. Соли 2017 ба муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 25 сол пур мешавад. Дар ин давраи нисбатан кутоҳи таърихӣ ду кишвар аз натиҷаҳои ҳамкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар муносибатҳои ду кишвар фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарҳо ҳамкориҳои босамар ва муваффақ ба роҳ мондаанд.

Тоҷикистон ва Туркия оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ва ё монанд доранд. Дар арсаи байналмилалӣ аз ташаббусҳо ва мавқеи созандаи ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар раванди густариш ва таҳкими ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркия сафарҳои роҳбарони олӣ, вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар тӯли давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доштанд.

Дар ин раванд натиҷаҳои сафари ахири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия, ки дар соли 2012 сурат гирифт, мақоми хосро доро мебошанд. Тоҷикистон ба таври умум баҳри татбиқи санадҳои ҳамкорӣ, ки зимни сафарҳои ҳайатҳои олӣ ва баландпоя ба кишварҳои ҳамдигар ба имзо расидаанд ва мувофиқаҳои ҷонибҳо дар замина чораҳои амалӣ меандешад.

Робитаҳои байнипорлумонӣ миёни ду кишвар, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ таҳким ёфтаанд, дар ин раванд саҳми созанда доранд. Дар ин робита, нақши Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия, ки аз соли 2000 ба ин тараф амал мекунад, баланд арзёбӣ мегардад.

То ба имрӯз миёни ду кишвар заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкориҳо ташаккул ёфтааст. Дар ин давра зиёда аз 65 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти  мусоиди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию башарӣ фароҳам гардидаанд. Дар баррасии ҷонибҳо дар марҳалаи кунунӣ ҳудуди 20 тарҳи санадҳои дигари дуҷониба  қарор доранд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ  ва тиҷоратӣ дар воқеъ самти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд.

 Дар маҷмӯъ ҳолати кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия то андозае метавонад боиси қаноатмандии ҷонибҳо бошад. Солҳои ахир, ду ҷониб барои беҳтар намудани сохтори тиҷоратӣ ва ҳаҷми он талошҳои дахлдор анҷом додаанд.

Туркия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Таҳлили муқоисавӣ бо соли 2013 нишон медиҳад (беш аз 650 млн. доллари ИМА), ки ду кишвар дорои иқтидори бузург барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия асосан пахта, алюминий ва дигар маҳсулоти саноатӣ содир намуда, аз Туркия доираи васеи молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, технологӣ, хурокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷаи аҳолиро ворид менамояд.

 Таҳлилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сармоягузории Туркия махсусан дар солҳои охир рӯ ба густариш аст. Ҳаҷми сармоягузории Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007-2015 146 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод ва бо боварӣ метавон гуфт, ки имкониятҳои мусоид барои густариши он мавҷуданд.

Дар ин раванд фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳимро касб намудааст. Тавассути Агентии ҳамкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 40 млн. доллари ИМА амалӣ гардидаанд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Туркия мебошанд. Бо сармояи Туркия ва сармояи муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 90 ширкат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият менамояд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нушокиҳои ғайримашруботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати “Кока-Кола Ичечек А.С.” дар соли 2015 намунаи барҷастаи ҳамкориҳои иқтисодӣ гардид.

Тоҷикистон ба идомаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷониби Туркия дар соҳаҳои коркарди пахта, алюминий, чарм, бофти гилеми дастӣ, маъдан, аз ҷумла тилло бо дарназардошти таҷрибаи бойи кишвари бародар, ба мақсади иcтеҳсоли маҳсулоти тайёр манфиатдор аст.

Ҳамкориҳо миёни ду кишвар ҳамакнун дар соҳаи кишоварзӣ раванди мусбат касб намудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои муносиб дар соҳаҳои нақлиёт ва рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ ба беҳбуди раванди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар самти ҳамлу нақли дуҷонибаи бор ва коло ва ҳам транзити он бо Ҷумҳурии Туркия дар доираи санадҳои дуҷониба ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз аз қаламрави Туркия ва бандарҳои он ба мақсади интиқоли бор ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ба таври мусоид истифода мегардад.

Дар ин давра ширкатҳои алоҳидаи туркӣ (аз ҷумла «Текар Текнинг Арастирма Лимитед Компани») дар татбиқи тарҳҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидаанд. 

Ҷониби Тоҷикистон имрӯз аз сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ қаноатманд аст. Айни замон дар хатсайри Душанбе - Истанбул - Душанбе ширкатхои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва '"Turkish Airlines" 6 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳанд, ки шароити мусоиде барои тамосҳои гуногунҷанба миёни шаҳрвандон ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар фароҳам овардаанд. Ҳамин тартиб қаламрави Туркия барои парвозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба гушаҳои гуногуни Олам ба минтақаи транзитӣ мубаддал гардидааст.

Ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳои назаррас ба роҳ мондаанд. Айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии 7 ширкати фармасевтии Туркия ва номгӯи 33 намуди доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт гардидааст. Ҳамкориҳои дахлдор дар соҳаҳои дигари тандурустӣ низ ба роҳ монда шудаанд.

Аз сӯи дигар, таваҷҷӯҳи Тоҷикистон асосан барои ҷалби сармояи Туркия дар татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумат, аз ҷумла ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.

Ҳамин тартиб сохторҳои хоҷагидори ду кишвар метавонанд, дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ҷалби технологияҳои нав ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд. Ҷониби Тоҷикистон барои омӯзиши таҷрибаи Туркия дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳавасманд аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз дастёбӣ ба истиқлолият тавонист, ки қонунгузории кишварро дар соҳаи сармоягузорӣ мукаммал намуда, фазои мусоиди инвеститсиониро фароҳам биёрад. Қонунгузорӣ имтиёзҳои фарохро дар соҳаи андозбандӣ ва гумрук барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ менамояд.

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад. Муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар заминаҳои мусоиди робитаҳоро фароҳам овардаанд. Зарур аст, то аз ин мероси муштарак ба нафъи рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ба таври самаранок истифода гардад.

 


Хабарҳои муҳим

  • Соли ҷавонон
    22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми ....
    22.08.2017 11:41
  • 2018-2028, Даҳсолаи амалиёти "Об барои рушди устувор"
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    22.08.2017 11:44
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:45
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо