Тоҷикӣ | English |Türkçe

Машваратҳои сиёсӣ

 

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия

28 феврали соли 2014 дар ш.Анкара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардиданд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Камол Ойдин роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика ва фарҳангу маориф, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор карданд.

Дар ҳошияи машваратҳои дуҷониба мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ночи Куру баргузор шуд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, ҷонибҳо алоқамандии худро ба густариш ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид карданд.

26 июни соли 2015 машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Кемал Айдин роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифро миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар робита ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Алӣ Кемал Айдин ҳамон рӯз аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфта шуд. Зимни он оид ба ҳолат ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.

7 апрели соли 2017  дар ш.Анкара машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Туркияро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Умит Ярдим роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо