Тоҷикӣ | English |Türkçe

Фарҳанг

 

Маълумот оид ба соҳаи фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон

Фарҳанги Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро касб намудааст.

Тоҷикон саҳми назарраси худро ба хазинаи маънавии тамаддун гузошта, ба ҷаҳон олимон, файласуфон, нависандагон ва шоирони барҷастаро додаанд, ки навиштаҳои онҳо як қисми ҷудоинопазири мероси илмию фарҳангии инсоният мебошанд. Шеърҳои асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, достони намирандаи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, рисолаҳои маъруфи «Ал-Шифо» ва «Қонун»-и Абӯалӣ ибни Сино (Авитсенна), ки яке аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон ба шумор рафта, то асри XIX ҳамчун дастури асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода бурда шудаанд, саҳми миллати тоҷикро ба рушди илмию фарҳангии ҷаҳон инъикос мекунанд. Навиштаҳо ва асарҳои олимон, шоирон ва устодони эҷодкори бадеӣ ба монанди Ал-Хоразмӣ, Ал-Форобӣ, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хаём, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Борбад, Камолиддини Беҳзод дар замони худ ҳам дар берун аз ҳудуди Суғди қадим, Хуросон ва Мовароуннаҳр хеле хуб шинохта буданд.  

Дар соҳаи фарҳанги миллии Тоҷикистони муосир низ воқеан дастовардҳои муҳим вуҷуд доранд. Истиқлолият барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои бо эътимод фароҳам овард. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2320 адад муассисаи иҷтимоӣ–фарҳангӣ, аз ҷумла 17 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 96 муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати миёнаи махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ, 1355 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 75 китобхонаи бачагона), 328 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 430  клуб, 59 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 6 филармонияҳои халқӣ, 44 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (дар тавозуни шуъба ва бахшҳои фарҳанг), 23 театри ҳалқӣ, 63 осорхона, 11 хона-осорхона, 23 ансамбли тарона ва рақс, 15 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 12 ансамбли рақсӣ ва 2 телевизиони маҳаллӣ (дар тавозуни шуъба ва бахшҳои фарҳанг) фаъолият  доранд.

Ба хотири дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва илмӣ аз ҷониби давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, номинатсияҳо барои ворид намудан ба Феҳристҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО, инчунин Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд, ки он як имконияти хуби муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 2015 тибқи қатъномаи Иҷлосияи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии мардуми тоҷик Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ  ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150- солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2016-2017 ворид гардида, зимнан ҷиҳати таҷлили ин ҷашнвораҳо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, корҳои амалӣ оғоз гардиданд.

Қобили зикр аст, ки 31 июли соли 2010 бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мавзеи “Саразм” ба Феҳристи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин рӯйдод яке аз муҳимтарин пешрафт ва комёбӣ дар фаъолияти Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад.

Дар бахши ҳамкориҳои байналмилаллии фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо ва тасвиб расонидааст. Дар баробари дигар давлатҳо, Мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия низ дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот 1 марти соли 1992 ба имзо расонида шуд.

Асоси робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро мероси фарҳангии умумӣ ва наздикии мардуми ду кишвар ташкил карда, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ба самтҳои авлавиятноки кишвари мо ба шумор меравад. Тӯли солҳои ҳамкории дуҷониба Тоҷикистон ва Туркия дар самти мазкур комёбиҳои бисёреро ба даст оварда, дурнамои минбаъдаро оид ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ, ки мусоиди пешрафти ҳусни тафоҳум ва ҳамкории ҳамаҷониба мебошанд, муайян карданд.

 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо