Тоҷикӣ | English

Дастовардҳои иқтисодии

 

Дастовардҳои иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои Истиқлолият

 

Дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ зимни  барқарор намудани муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва ба роҳ мондани сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар ба дастоварҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардидааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Ҳамин тартиб дар ин давра корҳои зиёд барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди кишварҳои мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС),  Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии Асъор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор ва дигарҳо анҷом гирифтаанд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти 2013 159-умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.  Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзо ва рушди саноати кишвар ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир, инчунин  зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани содироти  молҳои ватанӣ, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ заминаҳои мусоидат фароҳам овардааст.

Дар давоми солҳои гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ташаккули заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ дар кишвар ва аз ин роҳ мушаххас сохтани самтҳои умумӣ ва афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар тадбирҳои амалӣ андешидааст.

Дар ин росто, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шартномаҳо дар бораи тақсими молҳо», «Дар бораи консенсияҳо», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи таърихи кредитӣ», «Дар бораи шарикии давлатӣ - хусусӣ» қабул гардидаанд, ки раванди минбаъдаи рушди иқтисодии кишвар ва низоми муносибатҳои иқтисодиро дар кишвар мушаххас месозанд.

Ҳамин тартиб, дар ин давра Стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013, 2012-2014, 2013-2015 таъйид гардидаанд. Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин, таҳкими имконияти содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инкишофи бозори меҳнат ва таҳкими нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодии кишвар таҳия ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Феълан лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  қабул гардида, уҳдадориҳои байналмилалии кишварро аз рӯи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 қабул шудаанд, низ дар бар мегирад. Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро иборат аз се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намудааст.

Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи хориӣ бо 25 кишвари ҷаҳон созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва бо 18 кишвар созишнома оид ба ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ ба имзо расонидааст.

Энергетика

Дар самти энергетика  корҳои зиёде бо мақсади омӯзиши ҳавзаҳо ва конҳои нафту газ ва коркарду истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ва дар соҳаи истихроҷи ангишт бо 12 корхона ҳамкории мусоид ба роҳ монда шудааст..

Дар баробари ин, Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи обии хеш ва талаботи кишвар ба нерӯи барқ ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ ва рушди босуботи соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ НБО-и «Сангтӯда-1», НБО "Сангтуда-2", марҳилаи аввали Маркази барқу гармидиҳии 2-и пойтахт бо иқтидори 50 МВт бунёд ва ба истифода дода шудаанд, н ки дар роҳи расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он (бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ)) таваҷҷӯҳи хосса равона шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВ зиёд, сохта ба истифода дода шуданд.

Соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Рогун» аз нав оғоз гардид ва бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол идома доранд (Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун 3600МВт буда, аз 6 агрегат ибрат мебошад, ки ҳар кадоми он иқтидори 600МВт-ро ташкил медиҳад, баландии сарбанд 335м., ҳаҷми обанбор 13,3 км3 ва ҳаҷми фоиданокии он 10,3 км3, истеҳсоли солонаи қувваи барқ бештар аз 13,0 млрд. кВт/соат, ҳаҷми сангу хоки сарбанд -71 млн. м3 ва ҳаҷми умумии бетон аз 2,5 млн м3 иборат аст).

Саноат

Айни замон маҳсулоти саноатӣ беш аз 1200 номгӯйро дар бар мегирад.Дар баробари азнавтаҷҳизонии корхонаҳои амалкунанда, аз соли 2007 инҷониб, раванди сохтмони корхонаҳои нав низ ҷоннок гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ (бе коргоҳҳо) 62% зиёд гардид. Шумораи корхонаҳои саноатӣ махсусан дар соҳаи коркарди металл (10 баробар), коркарди пластмасса (8 баробар) маводи сохтмон (3,5 баробар), хӯрокворӣ (3,4 баробар), заргарӣ (3 баробар), дӯзандагӣ (2 баробар) ба таври назаррас афзуданд. Дар ҳамин давра, аз ҷумла беш аз 400 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 130 корхонаи саноатии маводи сохтмон, 50 корхонаи коркарди металл, тақрибан 50 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ, 15 корхонаи коркарди пластмасса, 8 корхонаи ресандагӣ ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуданд.

Нақлиёт

Дар давоми солҳои истиқлолият шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум, қитъаҳои Мурғоб-Кулма, Шоҳон – Зиғар ва Шкев – Зиғар бунёд гардида, шоҳроҳҳои Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Қурғонтеппа - Дустӣ – Панҷи Поён навсозӣ шуданд, ҳамчунин нақбҳои "Истиқлол"-у "Шаҳристон", "Хатлон"-у Озодӣ ва пули дорои аҳамияти байналмилалӣ аз болои дарёи Панҷ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1,6 ҳазор километр роҳҳои автомобилӣ, 18 километр нақб, 250 пул ва 4 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим карда шуданд. Дар ин муддат ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва 4 пули байнимарзӣ бо Афғонистон аз болои дарёи Панҷ низ анҷом дода шуд. Бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилии Душанбе – Турсунзода, Айнӣ - Панҷакент аз ҷумлаи лоиҳаҳои афзалиятноке мебошанд, ки сохта ба истифода дода шудаанд ва бунёди роҳ дар қитъаи Кӯлоб– Қалъаихум идома дорад. 24 августи соли 2016 роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа бунёд гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 165 млн сомониро дар бар мегирад.

Бо роҳи оҳан ба ҳам пайвастани тамоми минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи нақлиёт мебошад. Барои афзудани нерӯи транзитӣ ва баромадан ба бандарҳои баҳрии Покистон ва Эрон дар ояндаи наздик пайвастани кишвар ба роҳҳои оҳани кишварҳои ҳамсоя зарурати рӯз аст. Дар ин росто ҳусни тафоҳуми давлатҳои ҳамсоя – Хитой, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон ва Туркманистон ба даст оварда шуда, лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани трансосиёии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, Россия - Қазоқистон - Қирғизистон - Тоҷикистон ва Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон таҳия ва ба барномаҳои давлатӣ ворид карда шудаанд.

Кишоварзӣ

Дар натиҷаи тадбирҳои то соли 2015 андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмон

Бунёд гардидани бинову иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ, маишиву хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Турсунзодаву Данғара, Хоруғу Роштқалъа ва Панҷакенту Ванҷ, боғу гулгаштҳои хуштарҳи зебо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, қомат афрохтани биноҳои истиқоматии баландошёна бо санъати муосири меъморӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободон гардида, шароити кору зиндагии мардум беҳтар мешавад. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ татбиқи натанҳо лоиҳаҳои калонҳаҷми саноатӣ бо ҷалби сармояи мустақим, балки сохтмони манзилу меҳмонхонаҳо низ пешбинӣ шудаанд. Дар ин соҳа меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Ҳайат Реҷенси» бо ҷалби сармояи ширкати «Созидание»-и Федератсияи Россия, «Серена» бо ҷалби сармоягузории фонди «Оғохон», "Шератон" бо сармояи ҳиндӣ, муҷтамаи манзилҳои зисти “Диёри Душанбе” бо ҷалби сармояи давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд гардида ба истифода дода шуданд. 

Соли 2014-ро барои пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе соли авҷи корҳои сохтмонӣ ном мебаранд, зеро дар ин давра  меъмориҳои зебои “Кохи Наврӯз”, Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон, (ки якҷоя бо Қасри Миллат, Боғи Парчам ва Боғи Рӯдакӣ маҷтамаи бузурги меъмориро ташкил медиханд),  “Бозори Пойтахт”, шаршараҳои боғи "Қасри миллат", ва як силсила осори барҷастаи меъморӣ бунёд гардида буданд.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2015

Дар  нимсолаи  аввали соли 2015  Маҷмӯи  Маҳсулоти  Дохилии номиналӣ  ба 19158,7 млн. сомонӣ (     доллари ИМА) баробар гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2014–1279,5млн. сомонӣ (     доллари ИМА) зиёд мебошад. Рушди воқеии ММД дар соли 2015 ба 6,4 фоиз баробар гардида,  нисбат ба соли 2014 –0,3 банди фоиз коҳиш ёфтааст.

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015  4325,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014-ум 18,0% ё 949,2 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 47,3% ё 2045,1 млн. доллари ИМА ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 52,7 фоиз ё 2280,4 млн. доллари ИМА рост меояд.

Шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба содирот дар соли 2015 кишварҳои зерин мебошанд: Туркия–28,7% ҳаҷми умумии содирот, Швейтсария–23,1%, Қазоқистон–16,4%, Эрон–6,7%, Русия-                          6,4%, Афғонистон–6,3%, Чин–3,3%, Покистон–2,6%, Италия–1,2%, Қирғизистон–1,1%, Нидерланд–1,0%, Ӯзбекистон–0,7% ва ғайраҳо.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия–30,5% ҳаҷми умумии воридот, аз Чин–22,2%, Қазоқистон–16,2%, Туркия–3,9%, Эрон–3,6%, Швейтсария ва Туркманистон–3,1%, Литва–2,4%, Афғонистон–1,6%, Олмон - 1,3%, Покистон ва АМА–1,2%, ИМА ва Украина-1,1%, Беларус–0,9%, Қирғизистон–0,7%, Ямайка ва Италия–0,6%, Ҳиндустон ва Латвия–0,5%, Нидерланд ва Фаронса–0,3% ва ғайраҳо.

Дар амалиёти савдо афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (122,9 млн.доллари ИМА), Швейтсария (100,8 млн. доллари ИМА) ва Афғонистон (1,7 млн. доллари ИМА) мушоҳида шудааст.


Хабарҳои муҳим

  • Соли ҷавонон
    22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми ....
    22.08.2017 11:41
  • 2018-2028, Даҳсолаи амалиёти "Об барои рушди устувор"
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    22.08.2017 11:44
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:45
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо