Тоҷикӣ | English |Türkçe

Канданиҳои фоиданок

 

Канданиҳои фоиданок

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зиёди канданиҳои фоиданок ҷойгир мебошад. Бисёри намудҳои он аз давраи кӯҳан маълум буданд, аммо системаи тадқиқот ва баҳодиҳии ин соҳа дар ҷумҳурӣ асосан дар солҳои Шӯравӣ муайян шудааст, ки аз рӯи нақшаи корҳои геологӣ гузаронида шуда буд.

Дар натиҷа, имрӯз муайян карда шуд, ки садҳо намуди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла: руҳ, симоб, мис, висмут, оҳан, молибден, волфрам, сурма, сурб, нуқра, ангиштсанг, намак, нафт ва газ, сангҳои сохтмонӣ ва дигар ашёҳои минералӣ барои саноати сохтмонӣ, обҳои ошомиданӣ ва минералӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ғ.

Дар заминаи ин захираҳо, дар замони Шӯравӣ корхонаҳои зерин ба мисоли саноати кӯҳӣ, Комбинати сурбу синки Адрасмон, Комбинати симобу сурмаи Анзоб, Комбинати шпати Такоб, Комбинати кӯҳӣ-кимиёвии Ленинобод, Комбинати кӯҳии Тарор, Комбинати масолеҳи сохтмонии Душанбе ва дигар заводҳо ва шахтаҳо сохта шуда буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое, ки захираҳои зиёди тилло дорад, дохил мешавад. Дар ҷумҳурӣ ҳар сол тақрибан 3 тонна тилло истеҳсол мешавад. Миқдори зиёди тилло асосан дар водии Зарафшон истеҳсол шуда, дар ин водӣ барои коркарди истеҳсолот якчанд конҳо ба мисли Чоре, Дуоба, Кумманор, Шаҳкон, ки захираи онҳо аз 200 тонна зиёд мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи захираҳои тасдиқшуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нуқра дар дунё яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки барои истеҳсоли саноатии Конимансури Калон, ки яке аз объектҳои калони истеҳсоли нуқра дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад, комбинати калони кӯҳӣ - металургӣ сохтан зарур аст. Имрӯз озмуни (тендер) байналмилалӣ барои пайдо кардани ҳуқуқи коркарди кони мазкур эълон карда шудааст. Ба ғайр аз ин, дар Тоҷикистон барои конҳои нуқрадори якҷилвин дар Помир ва Мирхонд, водии Зарафшон корҳои ҷустуҷӯӣ ва тадқиқотӣ давом доранд.

Конҳои сурбию синкӣ асосан дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои Зарнисор ва Конимансур ҷойгир аст. Қисми зиёди захираи сурбу синк дар мавзеи Конимансури Калон ҷойгир буда, захираи саноатии он аз 8 млн. тонна зиёд мебошад.

Аз рӯи захираҳои сурма Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ҷои аввалро ишғол менамояд. Конҳои асосии ин маъдан дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор ҷойгир аст. Дар пойгоҳи захираҳои муайяншудаи кони симобу сурмаи Ҷикрут яке аз корхонаҳои калони ин соҳа, Комбинати қӯҳӣ-маъдантозакунии Анзоб амал мекунад.

Яке аз конҳои калони олово дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кони Мушкистон ба ҳисоб меравад, ки дар қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир аст. Аз рӯи ҷустуҷӯҳо ин кон дорои тақрибан 10 млн. тонна олово мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде, ки истеҳсоли оҳан ба роҳ монда нашудааст, кишвари мо дорои захираи бойи ин маъдан ба ҳисоб меравад, ки дар он дар наздикии ш. Хуҷанд кони Шоҳқадамбулоқ ҷойгир мебошад. Захираи оҳан ба 300 млн. тонна баробар аст. Дар ин ҷо низ захираи зиёди висмут, ки яке аз конҳои калони ИДМ мебошад, воқеъ аст.

Дар масофаи 80 км. шимоли ш. Душанбе дар мавзеи Майхура кони волфрам муайян карда шудааст ва барои истеҳсоли он сохтани комбинати металлургӣ зарур аст.

Дар ҷануби Тоҷикистон 46 км. дуртар аз ш. Кӯлоб кони маъдани Стронсий, дар мавзеи Чилтоҷ муайян карда шудааст. Захираи зиёди ин маъдан, ки зиёда аз 20 млн. тонна муайян шудааст, имконият медиҳад, ки корхонаи фоиданоки истеҳсоли ин маъдан сохта шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии саноатии кони Бор дар мавзеи Якархар, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 4500 - 5000 метр ҷойгир аст, зарурияти сохтани корхона барои истеҳсоли ин маъдан мавҷуд мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони гузашта бо сангҳои қиматбаҳои худ шӯҳратманд шудааст. Дар асрҳои гузашта лаъл ва дигар сангҳои қиматноки Бадахшон қасрҳои шоҳҳои бисёр давлатҳоро зинат медоданд. Сутунҳои собори исакиеви Санкт-Петербург бо лаъли Бадахшон зинат дода шудааст. Омӯзиши нақша ва истеҳсоли сангҳои қиматбаҳо дар замони Шӯравӣ аз соли 1937 оғоз ёфта, дар муддати даҳсолаҳо дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва геологи зиёда аз 600 конҳои сангҳои қиматнок муайян карда шудаанд. Омӯхтани конҳои сангҳои қиматбаҳо имкон медиҳад, ки пас аз муайян намудани захираҳои сангҳои қиматбаҳо истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти «Ювелири» Бадеӣ ташкил карда шавад, то талаботи бозори илмӣ-техникиро қонеъ гардонад.

Бойигарии бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон об мебошад. Дар замони имрӯза 9 ҳазор скваж барои обҳои зеризаминӣ кушода шудааст. Дар пойгоҳҳои обҳои шифобахш табобатгоҳҳои машҳури Хоҷа Обигарм, Обит Гарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва ғайраҳо амал мекунанд.

Захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ, аз ҷумла ангиштсанг, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар конҳои Шӯроб, Фон-Яғноб, Назарайлоқ, Зидди ва ғайра, ки захираи онҳо ба 3 млрд тонна баробар мебошад, мавҷуд аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бисёр миллиардтоннагии намаки ошӣ мавҷуд аст, ва дар пойгоҳи ин конҳо имконияти истеҳсоли баландсифати намаки ош ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ мавҷуд аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи васеъ барои рушди саноати сохтмонӣ мавҷуд буда, даҳҳо корхонаҳҳо дар базаи конҳои маҳсулоти сохтмонӣ амал мекунанд. Намудҳои гуногуни мармар дар мавзеи даштаки Ванҷ, Тиллолул, Панҷекент, Қурғунча дар наздикии Хуҷанд ва корхонаҳои хиштбарорӣ амал мекунанд. 


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо