Тоҷикӣ | English |Türkçe

Вазири корҳои хориҷӣ

АСЛОВ СИРОҶИДИН МУҲРИДИНОВИЧ

ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1981-1986 - донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина;

Солҳои 1986-1992 - Муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1992-1995 - муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1995-1996 - муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1996-1997 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;

Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошкент;

Соли 2002 - Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм  кардааст;

Солҳои 2002-2005 - раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2005 - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Апрели 2004 то ноябри 2005 - Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

Солҳои 2005-2013 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;

Солҳои 2011-2013 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;

Аз 29.11.13 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.


Хабарҳои муҳим

  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Апостилгузорӣ
    Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор ....
    22.08.2017 11:42
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо